Ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2018 дар тамоми ноҳияҳои шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ташкил карда мешаванд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ин хусус қарори раиси пойтахт содир шудааст, ки мувофиқи он аз 20 то 30-уми декабр дар ҷойҳои муайяншуда ярмаркаҳо фаъолият хоҳанд кард.

Баргузории ярмаркаҳоро мақомоти шаҳрдорӣ дар ҷойҳои зерин муайян кардааст:

- таваққуфгоҳи назди Бозори «Меҳргон» аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҶТ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот;

- - кӯчаи Ҳусейнзода, 36 (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;

- майдончаи назди бозори «Ховарон» аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт, Сангвор ва Нуробод, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;

- майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Файзобод, Лахш ва шаҳри Ваҳдат, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;

- майдончаи назди бозори «Ёвар» аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор ва Рӯдаки, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;

- қисмати ҷанубии Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот»;

Зимнан зикр мегардад, ки ба сохторҳои дахлдори шаҳрдории пойтахт ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳои мазкур, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва ороиши идонаи макони баргузории ярмаркаҳо дастур супоришҳо дода шудааст.