Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала мо дар кӯчаҳои пойтахт назарпурсӣ гузаронидем.

Чанд рӯз пеш таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи ҳукумати Тоҷикистонро ба арзиши пасти нерӯи барқ дар кишвар ҷалб карданд, ки дар натиҷаи он «Барқи тоҷик» ба мушкили молӣ дучор аст. Бино ба арзёбии онҳо, тарифи миёна аз сатҳи ҷуброни хароҷот 45 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳанӯз соли 2012 Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буд, ки тарифҳои истифодаи нерӯи барқ барои истеъмолгарони маишӣ тадриҷан то 3,5 сент афзоиш дода шаванд. Имрӯз аҳолӣ барои 1 кВт/соат нерӯи барқ қариб 2 сент (16,85 дирам) маблағ пардохт мекунад. Болоравии минбаъда низ шояд дер напояд.

Шумо барои пардохти истифодаи барқ чанд пул дар як моҳ пардохт мекунед?