Халил Каримов, мутахассиси тоҷик дар соҳаи биология, шикоршинос ва яке аз муҳофизони ҷонварони нодир нахустин шуда аз кишварҳои узви ИДМ соҳиби чоизаи «Мероси шикори Питер Капстик» барои соли 2018 шуд. Ҷоизае, ки ба маъруфтарин инсонҳо дар ҷаҳон аз ҷумла, ба 26-умин раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) Теодор Рузвелт (баъд аз маргаш) барои ҳифзи боғҳои миллии кишвараш тақдим шудааст.

Маросими тақдими ин ҷоиза шоми рӯзи 6 январи соли 2018 дар шаҳри Далласи аёлати Техаси ИМА дар анҷумани солонаи Ҷамъияти Dallas Safari Club  дар ҳузури беш аз 2000 нафар, аз ҷумла сафири Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим сурат гирифт.

Ҷоизаи «Мероси шикори Питер Капстик» аз соли 2005 ба ин ҷониб дар анҷумани ҳамасолаи Dallas Safari Club -- яке аз ҷамъиятҳои қадимтарин ва бонуфузи муҳофизони ҷонварон дар Амрико тақдим мегардад ва аз мӯътабартарин ҷоизаҳои ин созмон ба ҳисоб меравад. Ҷоизаи Капстик ба шахсон ё созмонҳое дода мешавад, ки дастовардҳои онҳо дар соҳаи ҳифзи олами ҳайвонот, омӯзишу парвариши муҳити зист, одоби истифодаи дурусти захираҳои табиат, ба хусус дар олами ҳайвонот  назаррас аст.     

Dallas Safari Club  аз Каримови 28 сола ба унвони шикоршиноси ҳирфаӣ, роҳбалад, муҳофизи муҳити зист ва ҷонварони нодир ном бурдааст, ки баҳри тағйири фазои шикор дар Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом додааст. Аз ҷумла саҳми Каримов дар рушди туризми шикори ахлоқӣ ва қобили таҳаммул дар байни ҷамъиятҳои маҳаллӣ, ки бевосита дар минтақаҳои кӯҳӣ зиндагӣ карда, ҷонварони нодирро ҳифз мекунанд, назаррас аст.

Худи Халил Каримов дар суханронияш дар ҷамъомади Dallas Safari Club ин ҷоизаро пеш аз ҳама саҳми аҳолии Тоҷикистон, бавижа ҷамъиятҳои маҳаллӣ дар ҳифзи табиат ва ҷонварони нодир хонд. Ӯ таъкид кардааст, ки мардуми таҳҷоӣ ҷонварони нодирро ҳифз карда, шикорро ҳамчун василаи эҷоди шароити хуби зист барои худ ва дар баробари ин баҳри ҳифзи онҳо истифода мебаранд.


Сафири Точикистон дар ИМА Фарҳод Салим дар маросими ҷоизасупорӣ иштирок кард. Дар мусоҳиба бо хабарнигори “Азия-Плюс” Ӯ қайд кард, ки дар толори бошукӯҳ, бо иштироки ҳазорон меҳмонон дар як маросими ботантана, ҷавлон задани парчами миллии Тоҷикистон ва сазовор донистани олими ҷавони тоҷик барои ин ҷоиза, боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди ватанпараст мебошад.

“Боиси ифтихор аст, ки дар оғози сол, “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, шаҳрванди кишварамон бо чунин ҷоиза сарфароз гардидааст. Халилро барои ин дастовардаш самимона табрик мегӯем”, - илова намуд сафир Ф. Салим.

Халил Каримов аз соли 2008 таъсиси Эътилофи шикорчиён ва ҳифзи табиати Тоҷикистон-H&CAT-ро дастгирӣ кардааст. Ин ташкилот даромад аз пиёдагардишгарӣ, тамошои сайди ҷонварони нодир, банаворгирии табиати вуҳуш ва шикори иҷозашударо баҳри дастгирии фаъолияти шикорчиёни маҳаллӣ сарф мекунад. Ин шеваи кор хонаводаҳои маҳаллиро бо маош таъмин карда, онҳоро ҳавасманд месозад то аз сайди қонуншиканонаи ҷонварони нодир даст кашида, баҳри ҳифзи саршумори ҳайвонот ва муҳити зисти онҳо талош варзанд.

«Таҷрибаи мудирияти  ҷонварони ваҳшӣ дар сатҳи ҷамъиятҳо барои кишвари мо нав аст ва ин равиш барои бисёриҳо ҳоло рӯшан нест.  Аммо таҷрибаи мо нишон медиҳад, ки ин яке аз усулҳои самарбахштари ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ ва беҳбуди зиндагии аҳолии маҳаллӣ мебошад. Ба  сокинони маҳаллӣ бояд кӯмак кард, то аз ҳисоби ин ҳайвонот баҳри зиндагӣ ва ҳифзи ҷонварон ва макони зисти онҳо фоида ба даст оранд», - гуфт Халил Каримов дар мусоҳиба бо “Азия-Плюс”.

Ӯ инчунин таъкид кард, ки Тоҷикистон дар қиёс бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ маъмурияти худ дар ҳифзи муҳити зистро хубтару беҳтар иҷро мекунад. Ба гуфтаи ӯ, теъдоди ҷонварони ваҳшӣ сол аз сол меафзояд.  

«Ҳоло ба шарофати фаъолияти лоиҳаи H&CAT  Морхӯри Бухороӣ аз 300 сар  (дар соли 2000) имрӯз қариб ба 1900 сар расидааст», - қайд кард Каримов.

1/7

Халил дар хонаводаи олимон ба дунё омадааст, бобояш - забоншиноси маъруф Ҳилол Карим, падараш- доктори илмҳои физика ва математикаи  Академияи илмҳои ҶТ профессор матеатик Умед Каримов, амакаш - профессор-иқтисодчӣ Ҷамшед Каримов мебошад, ки солҳои 90-ум нахуствазири ҷумҳурӣ буд. 

Бинобар ин тасодуфӣ нест, ки худи Халил ҳам ҳаёташро бо илм пайвастааст. Ӯ ба ҳайси ходими илм дар Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи Академияи Улуми Тоҷикистон кор мекунад. Хатмкардаи факултети тиббию байтории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буда, кам аз 10 соли охир баҳри ҳифзи палангҳои барфӣ ва тӯъмаҳои онҳо дар Тоҷикистону Қирғизистон кор карда, рушди ҷамъиятҳои муҳофизакоронро дастгирӣ кардааст. Каримов шикоршиносиро низ таҳқиқ карда, дар кафедраи «Муҳити ҳайвоноти ваҳшӣ ва шикоршиносӣ» дар Донишгоҳи Вена рисола ҳимоя намудааст.

Аз он ки 2018 дар Тоҷикистон соли сайёҳӣ эълон шудааст, Халил Каримов орзу дорад сайёҳати шикорро тавре ба роҳ монад, ки саршумори тамоми ҷонварони ваҳшии нодир ва дар ҳоли нобудшавиро барқарор карда, дар қатори ин шароити зиндагии сокинони таҳҷоиро тавассути ҷалби онҳо ба туризми шикор беҳтар кунад.

Халил бовар дорад, ки ин корро дар сатҳи баланд метавонад анҷом бидиҳад, агар ҳукумати кишвар дастгираш бошад. Ӯ худро ватандӯсте меҳисобад, ки омода аст баҳри дастёбӣ ба аҳдофи нек ва некӯаҳволии кишвар тамоми нерӯяшро ба кор барад.