Ба шуъбаву стансияҳои ёрии таъҷилию тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 30 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ дастрас карда шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, маросими супоридани нақлиёт имрӯз бо иштироки раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар назди майдони Парчами давлатии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази вилоят доир гардид.
Ба гуфтаи раиси вилоят, бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва расонидани кумаки аввалини тиббӣ ба сокинон тасмим гирифта шуд, ки барои муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ дастрас карда шавад. Кормандони соҳаи тибро лозим аст, ки дар сурати зарурӣ бо истифодаи автомобилҳо ниёзмандонро саривақт ба беморхонаҳо расонанд.
Изҳори умед карда шуд, ки теъдоди фавт ва таваллуди занон дар хона минбаъд коҳиш меёбад. Ба таъкиди Абдураҳмон Қодирӣ минбаъд низ ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ бо нақлиёт тадбирҳои мушаххас амалӣ хоҳад шуд.
Сипас, муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ доир ба вазъи соҳаи тандурустии вилоят иттилоъ дода, аз ҷумла қайд намуд, ки давоми солҳои 2016-2017 бо дастгирии роҳбарияти вилоят ба муассисаҳои тиббӣ 25 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ дастрас гардида буд ва ҳоло дар муассисаҳои тиббӣ 109 адад нақлиёт мавҷуд аст. Бо назардошти муҳимияти ҳифзи саломатии мардум бо қарори Раиси вилояти Суғд 1,4 миллион сомонӣ маблағ ҷудо ва 30 адад автомобилҳои тамғаи "Хундай Старекс" харидорӣ карда шуд. Нақлиётҳо тавассути ҶДММ "Ситора 555", ки дар тендер ғолиб омадааст, ворид карда шуда, давоми ду сол ройгон таъмир карда мешавад.
Дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси вилоят ба сардухтурони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят калид ва шиносномаҳои техникии нақлиёти ёрии таъҷилӣ супорида шуд. Ҳамин тариқ, ба муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент 4 адад, Бобоҷон Ғафуров 3 адад, Хуҷанд 3 адад, Шаҳристон 1 адад, Конибодом 2 адад, Истаравшан 3 адад, Мастчоҳ 2 адад, Спитамен 2 адад, Куҳистони Мастчоҳ 1 адад, Истиқлол 1 адад, Бустон 1 адад, Зафаробод 2 адад, Деваштич 3 адад, Ҷаббор Расулов 1 адад ва беморхонаи минтақавии Зарафшон, ки барои сокинони водии Яғноб хизмати тиббӣ мерасонад, 1 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ супорида шуд.
Дар Кӯшониён аз беназоратии волидон духтарчаи 4-сола ғарқ шуд
“Бародараш дар Сурия аст, худ ба Тоҷикистон омаданӣ буд”. Падари як гумонбари ҳамла ба “Крокус” боз чӣ гуфт?
Ҳалокати 5 нафар дар роҳи Душанбе - Чаноқ. Кӯдак ба таври муъҷизанок зинда монд
“Қарзи инсонии худро иҷро кардем”. Чӣ гуна тоҷикон шаҳрвандони Русияро наҷот медиҳанд?
Падари Исломовҳо аз болои қарори ҳабсашон тибқи парвандаи “Крокус” шикоят бурд
Худкушии як донишҷӯ дар хобгоҳ. Ин ҳодисаи дуввуми марги донишҷӯ дар ДДХ давоми ду ҳафтаи охир аст
Кумитаи тафтишоти Русия аз боздошти боз як гумонбари ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар дод
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста