Раиси шаҳри Душанбе дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, дар доираи иҷрои ин қарор то 15 феврали соли равон дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе бояд даври якуми озмун ҷамъбаст ва рӯйхати ғолибон ба комиссияи шаҳрӣ пешниҳод шавад.

Ҳамчунин то ҳамин рӯз, яъне 15 феврал комиссияи махсуси шаҳрии озмун бояд ба раиси пойтахт тартиби ҳавасмандгардонии ғолибони озмуни«Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе»- ро пешниҳод намояд.

Тозагии қаламрави гирду атроф ва наздикии тарабхона, риояи тамоми меъёрҳои санитарӣ, таваққуфгоҳи автомашина бо посбонҳо, ҷойи қабули сарулибос, вазъи ҳоҷатҳонаҳо, мудом таъмин будан бо оби гарму хунук, мебели хушсифат, зарфу дастурхон, номгӯи зиёд ва гуногуни таъомҳо, сифати хӯрок, саҳна барои ҳунарнамоиву рақс, салқину софкуниии ҳарорат, ҳуҷраҳои алоҳида барои тамокукашӣ, толорҳои зиёфат ва ғайра аз ҷумлаи шартҳои озмун номбар шудаанд.

Маросими ҷамъбасти натиҷаҳои озмун дар остонаи ҷашни Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад, баргузор мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.