Муассисаи давлатии гидрометеорологии Тоҷикистон аз обуҳавои ноустувор давоми рӯзҳои 16-17 январ огоҳ мекунад.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, ин рӯзҳо дар водиҳо обуҳавои боронӣ дар назар буда, дар минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳсор барф меборад.

Дар водиҳо ҳам аввал борон борида, сипас ба барф мубаддал мегардад. Аллакай шоми имрӯз дар Душанбе низ барфи «тар» меборад.

Рӯзи 16 январ пурзӯр шудани сураъати вазиши шамол то 15-20 метр дар як сония ва дар ағбаҳои кӯҳи то 20-25 метр дар як сония дар назар аст.

Ҳамчунин ҳарорат рӯзона то 8 дараҷа поин меравад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.