Ҳамкорони роҳбари дастаи КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Хуҷанд нагаҳдорӣ мешавад, доир ба боздошт ва моддаҳои дар айбнома ба ӯ пешниҳодшуда изҳорот пахш намуданд, ки дар сомонаи Лигаи КВН-и Маскав интишор шудааст.

Дар изҳорот қайд мешавад, ки онҳо ба шарҳу тавзеҳи айбномаҳо оид ба ҷиноятҳои молиявӣ ҳуқуқ надоранд, «вале моддаи дар айбнома ба ӯ пешниҳодшуд доир ба барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ барои мо хеле муҳим буда, ин моддаро аз ҷумла ба фаъолияти дастаи КВН Тоҷикистон, шӯхиҳо ва ҳунарнамоии он нисбат медиҳанд».

«Шӯхиҳои даста ҳеҷ гоҳ ба ангехтани кадом як адовату низоъ равона нашуда буданд ва дар ҳамин ҳол, шахси аввале, ки ин масъаларо назорат мекард, худи роҳбари даста буд», - омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, ба бозиҳои дастаи КВН Тоҷикистон ҳазорон мухлисон меомаданд, аз толор дар бораи ватан суханҳои нек садо медоданд, дар толор парчами давлатӣ парафшонӣ мекард ва дастаи КВН Тоҷикистон ба тамошобинони давлатро ҳамчун кишвари одамони оқилу доно ва шӯху зариф бо фарҳанги хос муаррифӣ мекард.

«Тайи се соли охир Хайрулло Мирсаидов барои роҳ ёфтани даста ба лигаҳои телевизион корҳои зиёдеро ба сомон расонида, ғайр аз ин, бо ҷидду ҷаҳд ба рушди КВН миёни мактаббачагон ва донишҷӯён дар Тоҷикистон машғул буд, то ки барои дастаи асосӣ аъзои нав омода намуда, дар пайи Қазоқистону Қирғизистон ҷавонони кишвари худро тариқи Шабакаи аввал (Первый канал)-и Русия ба саросари ҷаҳон муаррифӣ намояд», - қайд мешавад дар изҳорот.

Дар фарҷом изҳори умедворӣ мешавад, ки ин қазияи ногувору нохуш базудӣ мунисфона ва аз рӯи адолат ҳаллу фасл шуда, бо вуҷуди мушкилот, дастаи КВН Тоҷикистон минбаъда низ рушд хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки Хайрулло Мирсаидов санаи 5 декабр аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ - «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.