АНОНС

- Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 40, ошёнаи 2-юм) дар мавзӯи «Қонуни ҶТ «Дар бораи маҳдуд кардани истеъмоли маснӯоти тамоку: вазъи ҷорӣ ва дурнамо» нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 10:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.8220 сомонӣ;

1 евро – 10.8184 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1556 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1963 — Котиби якуми КМ ҲКИШ, раиси Шӯрои Вазирони ИҶШС Н.С.Хрущев перомуни дар ИҶШС мавҷуд будани бомбаи 100-мегатоннаи водородӣ маълумот дод.

2003 — Суди шаҳри Душанбе Р.Қаландаровро тибқи парвандаи куштори раиси Кумитаи давлатии телевизиону радио С.Раҳимов  ба ҳукми қатл маҳкум кард.

2009 — Хабарнигори агентии иттилоотии «Азия-Плюс» Баҳром Маннонов дар синни 62-солагӣ бемаҳал дар Душанбе аз олам даргузашт.

1899 — Зодрӯзи нахустин Комиссари халқии маорифи ҶШСА Тоҷикистон (1924-1927) доктори илмҳои таърих, профессор Аббос Алиев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз боришот (борону барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона -1+4; дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -4+1.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз боришот (борону барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +4+9; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +1+6.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона баъзан барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -5-10, рӯзона -3+2; дар шарқ шабона -13-18, рӯзона -1-6.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз боришот (борону барф) дар назар аст.

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона -2+3.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз боришот (борону барф).

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона боришот (борону барф).

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +2+4.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз боришот (борону барф).

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +6+8.  

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз барф меборад.

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона -1+1.