Генерал-полковники мустаъфӣ Сайдамир Зуҳуров бо бемории сактаи майнаи сар (инсулт) дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Сайдамир Зуҳуров аз 2 феврали соли 2016 аз вазифаи сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон ба нафақа баромад. Дар ин ниҳод ӯ муддати беш аз 10 сол - аз 5 декабри соли 2006 кор кард.

Сайдамир Зуҳуров соли 1951 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ.

Соли 1977 баъди хатми мактаби Кумитаи амнияти давлатӣ (КГБ) дар Минск ба ҳайати кадрии ин ниҳод шомил шуда, то соли 1981 ба сифати корманди фаврӣ дар Раёсати Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб ифои вазифа намуд. Солҳои 1983 -1984 - дар Афғонистон ба иҷрои вазифаҳои махсус машғул буд.

Аз соли 1987 Зуҳуров дар вазифаҳои муовини сардор ва сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи амнияти давлатӣ дар вилояти Хатлон кор кард.

Соли 1992 Сайдамир Зуҳуров ба мансаби раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Идомаи фаъолияти корӣ:

1996 - 1997 - вазири корҳои дохилӣ;

1997 - 1999 - вазири амнияти Тоҷикистон;

1999 - 2005 - муовини сарвазири Тоҷикистон, масъул ба бахши сохторҳои қудратӣ;

Аз 10 январи соли 2005 - раиси Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии ҶТ - Фармондеҳи Кушӯнҳои сарҳадии ҶТ;

Январ - декабри соли 2006 - раиси Кумитаи давлатии ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон;

- Аз 5 декабри соли 2006 то 2 феврали соли 2016 - сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон.

Генерал-полковник.

Бо ордени «Спитамен», дараҷаи аввал (20.02.2013 сол) мукофотонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 8 фарзанд.