Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон дар бораи баргузории озмуни «Авто-Бону-2018» эълон пахш кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон озмун бахшида ба ҷашни «Рӯзи Модар»  санаи 3-юми март дар автодроми автоматонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С.Айнӣ баргузор сешавад.

Гуфта мешавад, Озмун аз рӯи даврҳои зерин гузаронида мешавад:

Даври I. «Варақаи боздид» - «Ман ва автомобилам» (ороиши автомобил)

Даври II. Мусобиқаи «Донандагони ҚҲР»

Даври III. Рондани автомобил дар Автодром

Даври IV. «Ёрии аввалияи тиббӣ»

Давраи V. «Намоиши плакати тарғиботӣ»

Зимнан зикр мегардад, ки ғолибон ва иштирокчиёни Озмун бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Ҳамчунин аз хоҳишмандони иштирок дар озмун даъват мешавад, ки ба суроғаи Раёсати БДА, кӯчаи Ҷ.Расулов 69 ва ё бо телефонҳои 93-508-70-72, 235-79-85, 238-46-04 муроҷиат намоянд.