Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи қатъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи ҳалқавии маҳаллаи Қарияи Боло бо назардошти сохтмони эстакадаи сесатҳа қарор ба имзо расонид.

Эстакадаи сесатҳа дар доираи амалисозии лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - Турсунзода - сарҳади Ӯзбекистон», қитъаи роҳи аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии Душанбе бунёд мегардад.

Иншооти мазкур аз се сатҳ иборат буда, дар буриши кӯчаҳои хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Сино ҷойгир аст.

Ҳаракати нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар, ки бо ин қитъаи роҳ ҳаракат мекарданд, бо кӯчаву хиёбонҳои ҳамшафат таъмин карда мешавад.

Масалан автобуси №8, ки бо хатсайри Зарафшон - фурудгоҳ равуо мекунад, бо роҳи маҳаллаи Калинин ҳаракат карда, дар мавзеи боғи ҳайвонот ба хиёбони Исмоили Сомонӣ мебарояд.

Муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, ки соли 2018 дар маҳаллаи Қарияи Боло қомат афрохта буд, ба мавзеи корпусҳои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон кӯчонида мешавад. Дар ҷойи муҷассама сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин дар майдони фарогири амалисозии лоиҳа тақрибан 3 ҳазор бех дарахтон решакан шуда, чанде аз нуқтаҳои фурӯши хурд аз байн бурда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки амалисозии лоиҳаи ба ин монанд охири моҳи июли соли 2016 аз ҷониби ширкати чинии Xinjiang Beixin Road & Bridge Group Co, Ltd дар маҳаллаи 82-уми пойтахт оғоз гардид.


Ширкати зикршуда дар тендер оид ба интихоби паймонкор ғолиб омада, пешниҳод кард, ки корҳои сохтмонро қариб ба маблағи 25 млн. доллар анҷом медиҳад. Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти макур тобистони соли 2018 дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки барои амалисозии лоиҳа дар маҳаллаи 82-юм Бонки аврупоии таҷдиду рушд ба Тоҷикистон ба сифати қарз - 35 млн. доллар ва кумаки техникӣ - 3 млн. доллар маблағ ҷудо кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.