Шумори осебдидагон аз орди заҳролуд дар ВМКБ ҳафтаи гузашта то 54 нафар расид. Қаблан дар бораи 34 нафар заҳролудшудагон зикр гардида буд.

«Имрӯз 16 нафар кӯдакон ва 38 тан аз калонсолон дар бемористон бистарианд. Ҳамаи онҳо зери назорати махсуси табибон қарор доранд. Вазъашон беҳтар шавад, ба хонаҳояшон рухсатӣ медиҳем», - гуфтанд дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, то ҳанӯз маълум нест, ки воридкунандаи гандуми заҳролуд, ки аз он дар осиёб орд кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шуда бошад ё не.

Ёдрас мекунем, ки сокинони ду деҳаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ аз орди гандуме, ки соҳибкори маҳаллӣ аз ноҳияи Ҳамадонӣ овардааст, заҳролуд шуданд. Баъдан маълум шудааст, ки дар таркиби гандум растании заҳролуд - гелиотроп мавҷуд будааст.

Гурӯҳи кории бо дастури раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ташкилшуда, дар ноҳияи Ишкошим сабабҳои заҳролудшавии одамонро муайн карда, санаи 9 феврал раиси вилоят гурӯҳи мутахассисон аз Вазорати тандурустиро қабул кардааст, ки барои муолиҷаи сокинони заҳролудшудаи Ишкошим омадаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.