Дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба марҳум полковник Хайриддин Аҳтамов барои ҷасорат ва мардонагӣ зимни ҳимояи сарҳади давлатӣ ордени «Спитамен, дараҷаи I» дода шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар доданд, муовини якуми раиси Кумита, Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ генерал — полковник  Раҷабалӣ Раҳмоналӣ мукофоти баланди давлатиро дар ҳузури фарзандон, наздикон ва ҳамхизматони марҳум Хайриддин Аҳтамов  ба ҳамсари ӯ Гулнисо Нозимова аз номи Пешвои миллат тақдим намуда, зикр кард, ки роҳбарияти олии Тоҷикистон ва миллати бошарафи тоҷик ҳеҷ гоҳ фарзандони шуҷоъ ва қаҳрамони худро фаромӯш намекунад.

Зикр мегардад, ки чанд рӯз пеш бо ташаббуси фармондеҳии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ манзили истиқоматии ҳамсар ва фарзандони полковник Хайриддин Аҳтамов пурра таъмир ва бо таҷҳизоти муосиру замонавӣ (рахти хоб барои кӯдакон, телевизиору қолин ва дигар ашёи рӯзгор) таъмин карда шуд.

«Мо ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки ҳамсар ва чор фарзанди ҳамяроқи мо Хайриддин Аҳтамов худро танҳо ҳис кунанд, зеро афсари тоҷик Хайриддин Аҳтамов барои таъмини амнияту осоиштагии сокнони мамлакат ҷони худро сипар кардааст. Ёди ӯ ва қаҳрамониҳои ӯ ҳамеша дар қалби мост», — гуфт полковник Бадриддин Мирзоев, муовини Фармондеҳи қушунҳои сарҳадии КДАМТ ҶТ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ.

Баъд аз маросими супоридани ордени «Спитамен, дараҷаи I», афсари қӯшунҳои сарҳадӣ Шуҳрат Раҳмонализода ҷасорату қаҳрамониҳо ва хизмати содиқонаи полковник Хайриддин Аҳтамовро ба  ёд овард.

«Хайриддин Аҳтамов ҳамеша дар сафи пеши амалиёти машқиву ҷангӣ қарор дошт, ҳеҷ вақт намегузошт, ки аскарони қаторӣ дар сафи пеш бошанд, балки аввал худ пеш баромада, ба дигар афсарон намунаи олии ҷасуриву бебокӣ нишон медод. Дар баробари шуҷоату далерӣ хислатҳои олии инсонӣ дошт, хоксорӣ, фурутанӣ ва эҳтироми калонсолонро ба ҷо меовард», — зикр кард Ш.Раҳмонализода.

Хотиррасон мешавад ки шоми 2 декабри соли гузашта дар дидбонгоҳи сарҳадии «Баҳорак»-и отряди сарҳадии «Шӯрообод» (ноҳияи Шамсиддини Шоҳин) гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони афғон кӯшиш карданд, ки бо маводи мухаддир вориди Тоҷикистон шаванд. Ҷинояткорони мусаллаҳи афғон ба огоҳии  сарҳадбонони тоҷик оид ба истодан итоат накарда, аз тамоми яроқҳои доштаашон ба тарафи сарҳадбонони тоҷик оташ кушоданд.

Дар натиҷа, сардори отряд полковник Аҳтамов Хайриддин Талбакович зимни амалиёт қаҳрамонона ҳалок ва чор нафар сарҳадбонон захмдор шуданд. Аз оташи ҷавобии марзбонони тоҷик се нафар қочоқбари афғон безарар гардонида шуда, боқимонда бо истифода аз торикии шаб ба хоки Афғонистон паноҳ бурданд. Дар ҷои ҳодиса 4 автомати Калашников ва беш аз 33 килограмм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид.

Хайриддин Аҳтамов соли 1975 таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи олии сарҳадии шаҳри Рязани Россия  дохил гардид ва онро соли 1997 хатм намуд.  Аз соли 1997 дар мақомоти интизомии мамлакат хизмати ҳарбиро шурӯъ намуда, то ба вазифаи сардори қисми низомӣ расида буд.