Парвози ҳавопаймои хатсайри Тошканд - Душанбе - Тошканд, ки баъди танаффуси 25-сола аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» боз шуд,  метавонад бо таваққуф дар Самарқанд анҷом дода шавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз бахши нақлиёти ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, айни замон бо мусофирон таъмин будани хатсайри мазкур ба ҳисоби миёна наздики 33 фоизро ташкил медиҳад.

«Яъне дар сурати қодир будани ҳавопаймо ба ҳамлу нақли беш аз 150 нафар мусофирон, ба ҳар парвози ин хатсайр наздики 50 билет фурӯхта мешавад», - гуфт манбаъ.

Изҳори умедворӣ шуд, ки баъди бекор шудани реҷаи раводид миёни кишварҳо, шумори мусофирони хатсайри мазкур зиёд мешавад.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи апрели соли гузашта парвози ҳавопаймоҳо байни пойтахтҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дубора барқарор шуд.

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ҳафтае як маротиба бо ҳавопаймои навъи А320 ба пойтахти Тоҷикистон парвоз анҷом медиҳад.

Арзиши билет ба хатсайри Душанбе - Тошканд агар он пешакӣ харида шавад - 650 сомонӣ (80 доллар) ва дар рӯзи парвоз - 90 долларро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.