АНОНС

- Дар Маскав аз 15 то 18 март таҳти унвони «Дни Навруза на Старом Арбате» (Рӯзҳои Наврӯз дар Арбати қадимӣ) иди умумишаҳрӣ баргузор мешавад. Макони баргузорӣ: Москва, кӯч. Арбат, 24. Маросими ифтитоҳи расмӣ - 15 март соати 18:30 (бо вақти Маскав)    

- Дар меҳмонхонаи «Шератон» дар мавзӯи “Таҳлил дар соҳаи молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” конфронс баргузор мегардад;

- Дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи М.Бафоев дар 2 саҳна «Шайхурраси Абӯ Алӣ ибни Сино» намоиш дода мешавад. Оғоз соати 16:00;

- Дар меҳмонхонаи Hyatt Regence дар Душанба Ҳафтаи мӯди Tajikistan Fashion Week бо муаррифии сарулибоси мавсими баҳору тобистон идома меёбад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.8269 сомонӣ;

1 евро – 10.9330 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1552 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи истеъмолгарон.

1925 – Таъсиси газетаи «Иди тоҷик» (феълан «Ҷумҳурият»).

2001 – Сертификатҳои нахустини депозитии Бонки миллии Тоҷикистон ба маблағи 3 млн. сомонӣ нашр шуд.

2009 — Бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар Анқара бинои нави сафоратхонаи Тоҷикистон дар Туркия ба истифода дода шуд.

1937 – Зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон Урун Кӯҳзод.

1938 – Мавлуди академик Талбак Назаров, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

1947 – Мавлуди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Исо Абдурашидов.

1951 – Зодрӯзи нависанда Убайдуллоҳи Ширин.

1953 – Мавлуди журналист (сардабири рӯзномаи парламентии «Садои мардум») Бобоҷон Абдулвоҳидов.

1959 – Зодрӯзи собиқ вазири маорифи ҶТ, феълан ёвари президент оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робитаҳои ҷамъиятӣ, собиқ ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов.

1959 – Мавлуди доктори илмҳои техникӣ Маҳмадшариф Ҳақдодов.

1961 — Зодрӯзи журналист Амрихудо Низом.

1965 – Мавлуди раиси Шӯрои нозирони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пиров.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон меборад, дар ноҳияҳои доманакӯҳ борону барфва туман дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +2+7.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +8+13.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -3+2, рӯзона +5+10; дар шарқ шабона -10-15, рӯзона -4+1.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон меборад, дар доманакӯҳ борону барфва туман дар назар аст. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +1+6.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +9+11.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +13+15.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +5+7.