Дар Душанбе бори нахуст маросими тантанавии гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир гардид.
Ин маросим дар майдони «800-солагии Маскав» баргузор шуда, дар он даъватшавандагон аз 4 ноҳияи шаҳр, волидони онҳо, намояндагони мақомоти шаҳрдорӣ, аҳли ҷомеа ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.
Ҳозирин наваскаронро ба хизмати шоиста ба ватан ҳидоят намуда, қабл аз нишаст ба автобусҳо барои онҳо консерт намоиш дода шуд. Қаблан дар пойтахт чунин маросими гусели ботантанаи даъватшавандагон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба мушоҳида нарасида буд.
Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Усмонзода дар ин робита хабар дод, раиси пойтахт ҳанӯз санаи 19 март дар бораи баргузор намудани чорабиниҳо оид ба гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ аз ҳамаи 4 ноҳияи шаҳр қарор ба имзо расонидааст.
Дар бораи шумори даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ аз Душанбе маълумот дастрас нест.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Дар Петербург шаҳрванди Тоҷикистонро ба сафедкунии терроризм айбдор карданд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Як ниҳоди назди Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, вазъи муҳоҷирон дар Русия “тағйир наёфтааст”
Дар Қирғизистон Райимбек Матраимов ва се бародарашро ҳабс карданд
“Ҳамаро бурданду аз хоҳараш дарак нест”. Пайвандони Фаридуни Шамсиддин дар куҷоянд?
Дар Тоҷикистон боз борон мебораду ҳаво сард мешавад
Сиёсатмадори қирғизе, ки санади қитъаи марзӣ бо Тоҷикистонро имзо карда буд, озод шуд
Дар ҳолати таҳдиду зӯроварӣ дар Русия тоҷикон ба куҷо метавонанд муроҷиат кунанд?
“Иҷора намедиҳанд”, “Корхонаро оташ заданд”, “Ба мошин намешинанд”... Афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Ба бофандагон, дӯзандагон, кулолгарон... Дар Суғд ба 60 зани ҳунарманд грант медиҳанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста