Аз 1 апрели соли равон кори ягона муолиҷагоҳи байтории кишвар дар Душанбе, ки ба Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзӣ тобеъ буд, қатъ шуд.

Ғайр аз ин, фаъолияти Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, Хадамоти давлатии зотпарварӣ ва Нозироти давлатии тухмипарварӣ низ қатъ гардидааст.

Ба гуфтаи собиқ директори Хадамоти назорати давлати байторӣ Бобошо Кармишев, дар ин хусус қарори Кумитаи амнияти озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон содир шудааст, ки айни замон ба ислоҳоти ин сохтор машғул аст.

Дармонгоҳи хусусии байторӣ дар Душанбе
Asia-Plus

«Кумита ният дорад, ки сохтори ҷавобгӯ ба меъёрҳои байнулмилалиро таъсис диҳад. Ба истилоҳи дигар, ин тадбири муваққатӣ буда, ояндаи наздик ташкилоти нави таҷдидшуда таъсис меёбад», - гуфт вай.

Аммо на ҳама аз пешгӯиҳои хушбинонаи ӯ ҷонибдорӣ мекунанд.

Ба қавли молики муолиҷагоҳи хусусии байтории Душанбе Маҳмадрасул Болтаев, беш аз 1000 нафар кормандони хадамоти байторӣ аз ҷойи кор маҳрум шуда, вақте ки ӯ бо ҷойи кор таъмин кардани онҳоро назди худаш пешниҳод намуд, посухи возеҳе нагирифт.

«Гӯё ҷойи корӣ (штат) бояд диҳанд, агар надиҳанд, мо ба шумо хабар медиҳем, посух доданд ба ман, - мегӯяд номбурда. - Дар ҳамин ҳол, ҳозир мавсими бемориҳо аст ва Худо накарда, агар эпидемияи сӯхтанӣ (сибирская язва), ҳорӣ (девонагӣ) ё дигар касалиҳо хурӯҷ кунад, мушкилот хеле зиёд мешавад. Давлат бояд хадамоти байторӣ дошта бошад».

Болтаев қайд кард, ки «агар мо таҷрибаи мавҷудаи ҷаҳониро пайгирӣ мекардем, яъне дар шаҳру ноҳияҳо зери назорати кормандони (нозирони) давлатӣ ҳарчи бештар дармонгоҳҳои хусусии байторӣ мекушодем, вазъ метавонист тағйир биёбад».

Қобили зикр аст, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ҳамагӣ яктогӣ дармонгоҳҳои хусусии байторӣ вуҷуд дошта, дар дигар шаҳру ноҳияҳо умуман мавҷуд нестанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.