Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз дароз шудани муҳлати таҳти ҳабс қарор доштани журналист ва роҳбари дастаи «Сборная КВН Таджикистана» Хайрулло Мирсаидов нигаронӣ изҳор намуда, аз Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки ҷараёни баррасии парвандаи ӯ зудтар сурат гирад.

Дар ин хусус дар изҳороти иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбари намояндагии ИМА дар назди САҲА Мишел Сайдерс (Michele Siders) изҳори назар мешавад.

«Ин ҳабс тамоили фишори тақвиятёбанда ба озодии ВАО дар Тоҷикистонро таҷассум менамояд, ки чанде аз журналистонро ба тарки кишвар маҷбур кард ва ба қатъи фаъолияти якчанд воситаҳои ахбори умуми мустақил боис гардид», - қайд мешавад дар изҳорот.

ИМА ишора мекунад, ки Тоҷикистон ҳамчун узви САҲА бояд уҳдадориҳои худро дар мавриди озодии изҳори ақида, аз ҷумла нисбати намояндагони ВАО ва Эъломияи ҳуқуқи инсон ва Аҳдномаи байнулмилалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ риоя намояд.

«Мо боисрор аз Тоҷикистон даъват мекунем, ки таъҷилан парвандаи Мирсаидовро тафтиш карда, тадбирҳои зарурии ҳимояи ӯро дар ҷараёни мурофиаи судӣ таъмин намояд ва ҳамчунин уҳдадориҳои худро дар мавриди таъмини озодии изҳори ақида риоя кунад», - илова кардааст Мишел Сайдерс.

Ёдрас мекунем, ки Хайрулло Мирсаидов санаи 5 декабр аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ - «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ӯ айни замон дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд қарор дорад. Санаи 5 апрел муҳлати чормоҳаи боздошти пешакии ӯ бояд ба итмом мерасид. Бо дархости прокурор бо мақсади тафтиши мукаммал ва ва воқеъбинонаи парванда муҳлати тафтиш бори дигар боз ду моҳ - то моҳи июни соли ҷорӣ дароз шуд.