Ҳукумати Тоҷикистон илова ба имтиёзҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Сарвари давлат, имтиёзҳои навбатиро баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ пешниҳод намуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, бо дастгирии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар идомаи имтиёзҳои қаблан пешниҳодшуда дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» рўйхати иншооти сайёҳие, барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018 тасдиқ карда шуд.

Гуфта мешавад, тибқи қарори мазкур номгўйи иншооти сайёҳӣ муайян карда шуда, воридоти техникаву таҷҳизот ва маводи сохтмонии иншооти зерин аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд:

– меҳмонхонаҳо, аз ҷумла меҳмонхонаҳои махсус (хурд, гестҳаус, ҳостел);

– осоишгоҳҳои табобатӣ, истироҳатгоҳҳо, фароғатгоҳҳо;

– марказҳои хизматрасонии маҷмўии сайёҳӣ (маҷмааи сайёҳӣ);

– нуқтаҳои хизматрасонии маҷмўии сарироҳӣ(мотел);

– боғҳои фарҳангию фароғатӣ;

– мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ва динӣ (осорхонаҳо, зиёратгоҳҳо, иншооти таърихӣ);

– инфрасохтори моҳигирӣ ва шикор бо мақсади сайёҳӣ;

– тарабхонаҳои дорои бренди байналмилалӣ;

– марказҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ;

– пойгоҳҳои махсуси мутобиқгардонии минтақаҳои баландкўҳ барои сайёҳон;

– маҷмааи сайёҳию лижаронӣ;

– марказҳои омўзишӣ барои кўҳнавардӣ, лижаронӣ, роҳбаладӣ.

Иқдоми мазкур ҷиҳати татбиқи босамари имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, амалӣ гардидааст.

Ҳамзамон, имтиёзҳои  зикршуда дастигирии навбатии давлатии соҳаи сайёҳӣ буда, барои ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ ба бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, тарабхонаҳо ва дигар иншооти зарурӣ барои сайёҳон, рушди саноати фоидаовари сайёҳӣ ва соҳаҳои ба он дахлдор, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, ҳамкориҳои самараноки давлат ва бахши хусусии соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.