Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҷараёни муҳоҷирати корӣ аз ҷумҳурӣ ба Русия се фоиз кам шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, давоми се соҳи соли равон 109 ҳазору 53 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ ба дигар кишварҳоро ихтиёр намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазору 757 нафар камтар аст.

Гуфта мешавад, аз шумори умумии муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикисто 105 ҳазору 193 нафар ба ҳиссаи Русия ва беш аз 2,5 ҳазор нафар ба Қазоқистон рост меояд.

Дар Вазорат ҳамчунин қайд мекунанд, ки 84 ҳазору 955 нафар тоҷикистониён дар ин давра аз хориҷи кишвар ба ватан баргаштаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорат, тӯли се моҳи соли равон 927 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон соҳиби ҷойи кор шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 97 нафар камтар мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.