Агентии таҳлилии ТурСтат рейтинги беҳтарин шаҳрҳои ИДМ-ро барои саёҳати баҳории русиягиҳо тартиб дод. Рейтинг аз рӯи натиҷаҳои таҳлили саёҳатҳои писандидаи баҳорӣ дар соли 2018 таҳия шудааст.

Дар рейтинги баҳории саёҳат ба кишварҳои ИДМ шаҳрҳои Минск, Остона ва Боку пешсафанд. Тоҷикистон ҳам ба рӯйхат дохил шуд.

10 гонаи писандидатарин шаҳрҳои ИДМ барои саёҳат дар соли 2018:

Минск (Беларус)

Остона (Қазоқистон)

Боку (Озарбойҷон)

Ереван (Арманистон)

Алмаато (Қазоқистон)

Тошканд (Ӯзбекистон)

Кишинёв (Молдова)

Бишкек (Қирғизистон)

Душанбе (Тоҷикистон)

Ашқобод (Туркманистон).

Дар Русия аз 29 май то 2 май ва ҳамчунин санаи 9 май рӯзҳои истироҳат аст. Тибқи маълумоти ТурСтат, саёҳатҳои рӯзҳои истироҳатро аксаран русиягиҳо интихоб карда, ба кишварҳои ИДМ мераванд. Ба ҳисоби миёна, русиягиҳо муддати 3 рӯз ба шаҳрҳои ИДМ омада, дар як шабонарӯз 65 доллар хароҷот мекунанд.

Ба шаҳрҳои Кишинёв, Бишкек ва Тошканд саёҳатҳо нисбатан арзон буда, Остона ва Боку гаронтар мебошанд, қайд мекунад нашрия.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.