Аз 16 март шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон муддати як моҳ метавонанд бераводид дар қаламрави ҳамдигар ҳузур дошта бошанд.

Хабарнигорони «Открытая Азия онлайн» баҳри рӯшанӣ андохтан ба вазъ дар минтақаҳои наздимарзӣ пас аз роҳандозӣ шудани ин иқдомҳо, аз гузаргоҳи «Дӯстӣ боздид карданд.

Дар терминали самти шаҳри ҳаммарз бо Ӯзбекистон - Турсунзода, ки гузаргоҳи марзӣ дар қаламрави ин шаҳр 70 километр дуртар аз шаҳри Душанбе воқеъ аст, таксиронҳо мизоҷонро бо 20 сомонӣ то сарҳад мерасонанд.


- Дар як рӯз се маротиба то сарҳад ва бозпас аз он ҷо бармегардам. Хоҳишмандон аз ҳарду тараф тамоми рӯз хеле зиёданд, - мегӯяд таксирон Абдураҳмон Самиев. - Мизоҷон асосан сокинони Сариосиё мебошанд, ки ба пойтахт омада, бегоҳӣ ба Ӯзбекистон бармегарданд.

Бино ба маълумоти расмӣ, ҳамарӯза гузаргоҳи марзии «Дӯстӣ»-ро аз ҳарду ҷониб то 2 ҳазор нафар шаҳрвандони ҳарду кишвар мегузаранд.

БОЗОР

Назди гузаргоҳ бозоре ташкил шудааст, ки дар он молу маҳсулоти Ӯзбекистон фурӯхта мешавад. Рафтан ба бозори марказии Деҳнав 11 сомонӣ нарх дорад, лекин нисбат ба шаҳри Турсунзода ин ҷо нархҳо пасттаранд. Дар Деҳнав маҳсулотро харидорӣ намуда, дар сарҳад мефурӯшанд.


Самандар Қодирови 30-сола ҳар субҳ бо хоҳаронаш ба Тоҷикистон омада, бо нархи 12,5 сомонӣ барои 1 кило нахӯд мефурӯшад. Дар Турсунзода нархи нахӯд - 17 сомонӣ ва дар Душанбе - 18 сомонӣ аст.

- Дар як рӯз то 300 кило нахӯд мефурӯшем. Гоҳе аз Қӯрғонтеппа омада, ҳамаи халтаҳоямонро мехаранд. Ҳозир ин халта тамом шуда, боз бародарам ду халтаи дигар меорад, - мегӯяд Қодиров.

Сарҳадбонони ҳарду кишвар ба воридоти молу маҳсулот монеъа эҷод намекунанд. Муҳимаш он сертификати сифат дошта бошад.

Акрамбой Мамадови 53-сола ҳар рӯз барои харидани конфету шириниҳо ва бозичаҳо барои кӯдакон ба Ӯзбекистон меравад. Ӯ қарор дод, ки ба тиҷорат машғул мешавад. Тамоми умр дар муҳоҷирати корӣ қарор дошт. Як сол пеш дар ӯ бемории диабети қанд ошкор шуда, акнун ба корҳои вазнин машғул шуда наметавонад.


Ҳамаи молу маҳсулоти ӯ 15 сомонӣ нарх дорад. Дар Душанбе бошад, ин маҳсулот 30 сомонӣ арзиш дорад. Тоҷирони ӯзбек дар пойтахт ва дигар шаҳрҳо ба савдо машғул намешаванд, зеро хароҷоти роҳ ба қиматшавии маҳсулот маҷбур мекунад.

MADE IN TAJIKISTAN

Шаҳрвандони Ӯзбекистон низ дар Тоҷикистон маҳсулот мехаранд, масалан маҳсулоти аз алюминий сохташуда, зарфи мантупазӣ (мантушнитса), дег ва ғайра. Телевизорҳои LG низ мехаранд.

Ҷӯрабек Алиев бо нархи 100 сомонӣ 10 зарфи мантупазӣ харидааст. Мегӯяд, алҳол барои оилаву хешовандони худаш гирифта, агар ба онҳо писанд ояд, пас метавон ба бозор ҳам бурда фурӯхт.


ТАЪСИР БА БОЗОРИ ДУШАНБЕ

Замони дар бозор қарор доштан, аз Душанбе автомашинаҳо омада, мусофиронаш таври яклухт тухм, мева, бозичаҳо ва нахӯд мехариданд. Сироҷидин, як ронандаи автомашинаҳо гуфт, маҳсулотро на барои фурӯши дубора, балки барои худаш мехарад.

- Барои гузаштани сарҳад бо мошин 50 доллар боҷ пардохтан лозим аст. Ин ҷо бошад, шояд болои нархҳо каме маблағи иловагӣ монда бошанд ҳам, ба ҳар ҳол нисбат ба Душанбе арзонтар аст, - изҳор мекунад Сироҷиддин.

Қобили зикр аст, ки боз шудани сарҳад ва воридоти маҳсулот аз Ӯзбекистон ба таври қобили мулоҳиза ба нархҳо дар бозорҳои Душанбе таъсир расониданд. Масалан, халтаи орд ба ивази 180 сомонии пештара акнун 140 сомонӣ, як қуттӣ тухм ба ҷойи 27 сомонии пешина - акнун 18 сомонӣ, мавиз ба ивази 35 сомонии пештара - 20 сомонӣ ва шакар ба ҷои 8 сомонии пешина - акнун 6 сомонӣ нарх дорад.