АНОНС

- Дар бинои Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон намоишгоҳи «Рӯзҳои таҳсилоти Қазоқистон» доир мегардад. Оғоз соати 09:00;

- Дар варзишгоҳи ба номи Уктам Маматови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Панҷшер» баргузор мешавад. Оғоз соати 17:00;

- Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи Сергей Рахманинов «Алеко» намоиш дода мешавад. Оғоз соати 16:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.8500 сомонӣ;

1 евро – 10.9448 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1437 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии  ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ.

1946 – Фаъолияти Лигаи миллатҳо ба итмом расида, ҷойи онро СММ иваз кард.

1998 – Эмомалӣ Раҳмонов раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон интихоб гардид.

1914 - Зодрӯзи нависанда ва ҷанговари фронт, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Фотеҳ Ниёзӣ.

1927 – Мавлуди нависанда, драматург Аъзам Сидқӣ.

1928 – Зодрӯзи нависанда Маҳмадалишоҳи Ҳайдаршоҳ.

1938 – Зодрӯзи доктори улуми физикаву математика, профессор Бозор Назриев.

1941 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, сароянда Меҳрӣ Исҳоқбоева.

1960 – Зодрӯзи таърихшинос Раҳмоналӣ Шарифов.

1963 – 2015 — Мавлуди Суҳроб Шарифов, вакили парлумон.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +8+13; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +3+8.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +3+8.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +2+7, рӯзона +9+14; дар шарқ шабона -1-6, рӯзона +1+6.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +4+9.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +12+14.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +11+13.