Ширкати сайёҳии “Морхур” дар мавзеи Обидараи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин меҳмонхонаи “Шикорчиён” –ро бунёд намуд. Мењмонхонаи мазкур аз ду ошёна ва 15 кат иборат мебошад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ, зимни муаррифии имкониятҳои меҳмонхонаи мазкур Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки бо дастгирии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018 рўйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд тасдиқ шуд.

«Ин як қадами устуворест ҷиҳати зиёд гардидани иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ва тадбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ. Сохта ба истифода супорида шудани меҳмонхонаи “Шикорчиён” мисоли равшани ин гуфтаҳост», - гуфт ӯ.

Бояд қайд кард, ки ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои рушди сайёҳии экологӣ, кўҳнавардӣ ва хусусан сайёҳии шикор имкониятҳои зиёд дорад.

Ёдгориҳои таърихӣ, чашмаҳои шифобахш, куҳҳои баланд, манзараҳои зебои табиӣ, ҳайвоноти нодир ва мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин диққати сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб менамоянд.

Ноҳияи мазкур ҳамчун минтақаи транзитӣ ба ВМКБ имкони ҷалби сайёҳони зиёдро дорад ва ба истифода додани меҳмонхонаи мазкур баҳри қабули сайёҳоне, ки бо мақсади шикор ба кишвари мо ташриф меоранд, айни муддаост.

Гуфта мешавад, сайёҳии шикор дар Тоҷикистон аллакай як навъи маъмули саёҳат ба ҳисоб рафта, барои шикори ҳайвоноти нодир тибқи қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат квотаҳо ҷудо карда мешавад. Шикор бо риояи қонунгузорӣ сурат гирифта, аз моҳи апрел то моҳи сентябр давраи нашъунамо, наслгирӣ ва зиёдшавии саршумори ҳайвонот мебошад.

Имрўзҳо бо истифода аз имтиёзҳои андозию гумрукии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, аз ҷумла дар тўли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва то 50% коҳиш додани боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав ҳавасмандӣ ва таваҷҷуҳи соҳибкоронро барои фаъолият дар бахши сайёҳӣ ва бунёди инфрасохтори соҳа зиёд намуда истодааст.