Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе санаи 18 апрел Намоишгоҳи маърифатии «Рӯзҳои таҳсилоти Қазоқистон» ба кор шурӯъ намуд.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон, Вазорати маорифи Тоҷикистон, омӯзгорон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умии пойтахт иштирок доштанд.

Меҳмонони чорабинии мазкур бошавқ аз гӯшаҳои мактабҳои олии муваффақи Қазоқистон боздид намуда, барои худ маълумоти зарурӣ дарёфтанд.


Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов зимни суханронӣ назди ҳозирин изҳор намуд, ки муносбатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла бахши маорифу илм дар ҳоли рушди мунтазам қарор доранд.

«Чунин тарзи ҳамкорӣ ба мисли ҳамасола баргузор намудани Рӯзҳои маорифи Қазоқистон гувоҳи он аст, ки бо ин васила ҷавонони тоҷик бо шароитҳои қабулу таҳсил ба муассисаҳои таълимии олии Қазоқистон аз наздик ошно мешаванд», - гуфт ӯ.

Муовини ававли вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев дар навбати худ ба намояндагони мактабҳои олии иштирокчии намоишгоҳи Қазоқистон миннатдорӣ изҳор намуда, дар корашон комёбиҳо орзу кард.

Қобили зикр аст, ки дар намоишгоҳи мазкур гӯшаҳои мактабҳои олии 21 мактаби олии Қазоқистон ба маърази шиносоиву тамошо гузошта шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.