АНОНС

- Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе ширкати Каритас ба ифтихори 10-солагии фаъолият дар Тоҷикистон ва Рӯзи пойтахт намоишгоҳи суратҳо ва бо иштироки Парвин Юсуфӣ, гурӯҳҳои «Западный квартал» ва «Zafar Band» консерт барпо мекунад. Оғоз соати 14:00, воридшавӣ озодона аст;

- Дар бинои Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон намоишгоҳи «Рӯзҳои таҳсилоти Қазоқистон» идома меёбад. Оғози кори намоишгоҳ соати 09:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.8659 сомонӣ;

1 евро – 10.9875 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1441 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1935 – Дар ИҶШС ҷамъияти ихтиёрии варзишии «Спартак» таъсис ёфт.

1970 – Дар ИҶШС автомобили нахустини навъи ВАЗ-2101 «Жигули» истеҳсол карда шуд.

2012 — Дар вилояти Суғд нисбати гурӯҳи иборат аз 34 нафар ба иттиҳоми робита доштан бо Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ҳукм содир шуд.

2017 — Дар ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе ба маблағи беш аз 35 млн. доллар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

1904 – Зодрӯзи Ҳунарманди халқии ИҶШС Ғуломҳайдар Ғуломалиев.

1908 – Мавлуди доктори улуми биология, профессор Ориф Шукуров, ректори Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон (солҳои 1953-1957), Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон (солҳои 1944-1953; 1961-1969).

1950 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев.

1962 – Мавлуди доктори улуми техникӣ Зайналобиддин Кобулиев.

1970 — Зодрӯзи журналист Манижа Қурбонова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +3+8.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, эҳтимоли раъду барқ ва боридани жола.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +4+9.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -2+3, рӯзона +7+12; дар шарқ шабона -4-9, рӯзона +1+6.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +4+9.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +13+15.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +13+15.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +9+11.