Дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати сайёҳии “Ҷавоҳир сайр” таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бахшида ба “Рӯзи пойтахт” ташаббусеро баҳри маъюбону нафақахурон роҳандозӣ намуд.  

Гурӯҳи маъюбон ва нафақахурони маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе аз маҳаллаи 8-уми март сайругашти худро шурӯъ намуда, аз майдони 800 солагии Москва, ҳайкали Исмоили Сомонӣ, боғи “Парчам”, боғи Устод Рӯдакӣ, боғи Садриддин Айнӣ ва Кохи Наврӯз дидан намуданд ва дар тарабхонаи меҳмонхонаи “Ҳаятт Реҷенсӣ” барои онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хӯроки нисфирӯзӣ ва барномаи консертӣ ташкил карда шуд.

1/12

Мусаллам аст, ки шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии кишвар дорои таърихи қадима, захираҳои бойи сайёҳию инфрасохтори мукаммал буда, ба макони баргузории чорабиниҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва техникӣ мубаддал гардидааст ва ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, мустаҳкам кардани имиҷи кишвар ҳамчун сарзамини осоишта ва дорои захираҳои бойи туристӣ, нақши бузург дорад.

Нашрияи “Зе Индепендент” (The Independent) пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанберо ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рўи таъмини амнияти шабона эътироф намуд.

Агентии таҳлилии “ТурСтат” бошад, дирӯз рейтинги беҳтарин шаҳрҳои ИДМ-ро аз рӯи натиҷаҳои таҳлили саёҳатҳои писандидаи баҳорӣ дар соли 2018 тартиб дод ва шаҳри Душанбе ба феҳрасти 10-гонаи беҳтарин шомил гардид.