Субҳи рӯзи 9 май наздики 500 нафар сокинони пойтахт назди дарвозаи Боғи Ғалаба (мавзеи маъруф ба пивзавод) ҷамъ омада, то Боғи Ғалаба раҳпаймоӣ карданд. Ин ҷо онҳо дар пояи Оташи ҷовидон барои гиромӣ доштани хотираи фавтидагон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулҳо гузоштанд.

«Ин фаромӯшношуданӣ аст, яъне хеле хурсандам, ки раҳпаймоӣ баргузор шуд, - мегӯяд Фурқат, сокини пойтахт. - Ман бо писаронам омадам, ин бошад, сурати бобоҳоям аст», - нишон медиҳад ӯ аксҳои сиёҳу сафедро.

На ҳамаи ба раҳпаймоӣ омадагон ба дар чорчӯба гирифтани аксҳои гузаштагони худ, ки дар ҷанг ҳалок шудаанд, фурсат ёфтаанд, лекин қариб 80 фоизи иштирокдорон дар дастҳояшон сурат доштанд.

«Мо тамоми раҳпаймоиро паймудем, ҳанӯз субҳ ҷамъ омада будем, - мегӯяд Ирина, сокини пойтахт. - Ман бо шавҳарам омадам. Дар оилаи мо ман ва ҳамсарам низ наздиконамон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок шудаанд. Мутаассифона, бобоҳои мо аз ҷанг барнагаштанд ва мо ҳеҷ гоҳ ба дидори онҳо нарасидем. Имрӯз ман вақте шахсонеро дидам, ки наздиконашон ҳоло дар ҳаётанд, хеле зиёд гиря кардам. Худованд ба умрашон барака диҳад!».

1/14

Ҳукуматдорони пойтахт дар ниҳояти кор ба баргузории аксияи «Полки абадӣ» расман иҷоза надода, лекин монеъа ҳам нашуданд. Нахуст зикр гардид, ки вохӯрӣ назди танк, сипас хабар доданд, ки он назди Театри лӯхтак баргузор мешавад, дар ниҳояти кор мардум назди Боғи Ғалаба гирд омаданд.

Соли гузашта бо вуҷуди иҷозаи расмӣ надоштан ба баргузории раҳпаймоӣ, ба ҳар ҳол он доир гардид. Лекин қобили зикр аст, ки соли гузашта дар раҳпаймоӣ шумори иштирокдорон нисбат ба имсол камтар буд, мегӯянд шоҳидон.

Айни замон дар Тоҷикистон 345 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд. Дар ВМКБ - 4 нафар, вилояти Суғд - 102, Хатлон - 136, Душанбе - 46 ва ноҳияҳои тобеи марказ - 66 нафар собиқадрони ҷанг зиндагӣ мекунанд.