Вазорати адлия ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ (КоҲМ) тағийротҳоеро таҳия намуд, ки тибқи онҳо муҳоҷири меҳнатӣ барои тасдиқи ҳузури қонуниаш дар Русия ба ҷузъ иҷозатномаи кор ё патент, ҳамчунин бояд «шартномаи меҳнатӣ» бо корфарморо пешниҳод намояд. Барои мавҷуд набудани шартнома Вазорати адлия ҷорӣ намудани ҷарима дар ҳаҷми то 5 ҳазор рубл бо эҳтимолияти хориҷ намудан аз кишварро пешниҳод мекунад, хабар медиҳад Muhojir.news.tj.

Дар Думаи давлатӣ ба ҷойи ин қонунигардонии муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо «тибқи дархости пешакӣ аз манотиқи Русия»-ро пешниҳод доранд. Дар фонди «Муҳоҷирати асри XXI» бар он назаранд, ки ба ҷойи сангинтар намудани қонунгузории муҳоҷиратӣ ҷорӣ намудани режими раводид барои шаҳрвандони собиқ кишварҳои ИҶШС ва фаромӯш кардани ҳамгироӣ бо онҳо мантиқан дуруст меояд.

Вазорати адлия пешниҳод кард, ки ба КоҲМ нисбати муҳоҷирон, ки дар ФР ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд ва нисбати корфармое, ки онҳоро киро кардааст, ҷазоҳои нави маъмурӣ ворид карда шаванд (лоиҳа ҷиҳати баррасии ҷамъиятӣ дар сомонаи ҳукуматӣ интишор шудааст). Вазорат пешниҳод менамояд, ки ба моддаи 18.10 КоҲМ муқаррар намудани ҷарима дар ҳаҷми то 5 ҳазор рубл барои фаъолияти меҳнатии «бидуни бастани шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи шаҳрвандию ҳуқуқӣ барои иҷрои кор бо корфармо» илова карда шавад.

Айни замон ин мақола чунин миқдор ҷаримаро бо эҳтимолияти хориҷ кардани «шаҳрванди хориҷӣ ва ё шахси бидуни шаҳрвандӣ» аз кишвар барои «амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ бе иҷозатномаи кор ё патент»-ро низ пешбинӣ менамояд.

Вазорати адлия ҳамчунин пешниҳод дорад, ки ба моддаи 18.15 КоҲМ, ки ба корфармоёни муҳоҷирони ғайриқонунӣ тааллуқ дорад, низ иловаҳо ворид карда шаванд.

Роҳбари ширкатро, ки муҳоҷирро бидуни шартнома ба кор қабул кардааст, ҷарима дар ҳаҷми 50 ҳазор рубл, худи корхонаро то 800 ҳазор рубл ва ҳатто қатъ намудни фаъолияти корхона «ба муҳлати аз 14 то 90 шабонарӯз» таҳдид мекунад.

«Тартибот дар бозори меҳнат, албатта, бояд пурзӯр бошад», – гуфт «Ъ» раиси кумитаи Дума оид ба меҳнат ва сиёсати иҷтимоӣ Ярослав Нилов (ЛДПР).

Ӯ мутмаин аст, ки лоиҳаи Вазорати адлия «натиҷаи таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ аст, ки мавҷудияти мушкилоти муайянро аснои ҷалби корфаромоёни муҳоҷирон ба ҷавобгарӣ муайян кард».

Аммо, ба ақидаи вакил, «ҳамаи сангиниҳо – мубориза бо оқибатҳо аст», пас «омилҳои пайдошавии муҳоҷирати ғайриқонунӣ»-ро бартараф кардан лозим аст». «Тамоми муҳоҷират бояд аз рӯи дархостҳо сурат гирад», – изҳор дошт ҷаноби Нилов.

Ба гуфтаи ӯ, чунин кор бо Ӯзбекистон аллакай роҳандозӣ шудааст, ки дар он ҷо нахуст мутахассисони заруриро интихоб мекунанд. Аз ин рӯ, муҳоҷирони меҳнатӣ «ба миқдори зарурӣ ба минтақаҳои Русия ҷалб карда мешаванд».

«Пас танҳо режими раводиро ҷорӣ кунед ва «муҳоҷиронро тибқи дархостҳо» қабул хоҳед кард, – президенти фонди «Муҳоҷирати асри XXI» Вячеслав Поставнин бо вакил розӣ нест.

Ӯ хотиррасон кард, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз собиқ кишварҳои ИҶШС ҳастанд, ки барои онҳо «вуруди озод» ба Русия муқаррар гардидааст. Ҷаноби Поставнин бар он назар аст, ки «вуруди озод – ин барои равандҳои ҳамгироӣ кори бузург аст. – Ӯ қоидаҳои оддии воридшавии қонунӣ ба бозори меҳнатро дар назар дорад».

Коршинос хотиррасон намуд, ки патент ҳамчун шакли соддаи «иҷозаи расмии кор» ҷорӣ карда шуд.

Аммо, нахуст нархи патент гарон буд, «акнун ба даст овардани он 30-40 ҳазор рубл вобаста ба минтақаро ташкил медиҳад», сипас барои гирифтани патент имтиҳон аз фанни забони русӣ, ки ройгон нест, ҳатмӣ гардид, шарҳ дод ҷаноби Поставнин.

Коршинос ҳамчунин хотиррасон кард, ки корфармо, ки ба таври қонунӣ муҳоҷирро дар ширкаташ ба кор қабул мекунад, уҳдадор аст, ки якҷоя бо музди меҳнат ба Фонди нафақа, Фонди суғуртаи ҳатмии тиббӣ, Фонди суғуртаи иҷтимоӣ маблағ пардохт намояд. Худи муҳоҷирон «уҳдадоранд, ки суғуртаро дар ширкатҳои муайяни суғуртавӣ харидорӣ намоянд».

Ба гуфтаи Поставнин, соли гузашта дар Маскав бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ 1,9 миллион хориҷӣ худро ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта, аммо «патентро танҳо 400 ҳазор нафар гиритфанд, ки танҳо нисфашон бо корфармо шартномаҳои меҳнатӣ бастанд».

«Аксари онҳо ҳузурашонро қонунӣ накарданд – барои онҳо додани пора муфидтар аст, – мегӯяд коршинос. – Ҷазоҳои амалкунанда ягон касро натарсонданд. Муҳоҷиронро – таҳдиди ихроҷ, корфарморо –ҷарима дар ҳаҷми қариб миллионҳо».

Аз ин рӯ, тибқи пешгӯии ӯ, ҷазоҳои нав «ягон чизро тағйир намедиҳанд». Муҳоҷире, ки мехоҳад ба таври қонунӣ кор кунад, «бояд ҳамарӯза бастаи ҳуҷҷатҳоро бо худ дошта бошад – иҷозатномаи кор, патент, маълумотномаҳои тиббӣ, суғурта, шартномаи меҳнатӣ. Дар сурати боздошт шудан аз ҷониби маъмурини пулис онҳоро нишон диҳад», қайд кард сардори фонди «Муҳоҷирати асри XXI».