Дар соли рушди туризм ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар минтақаи истироҳатии “Чилучор Чашма”-и Хатлон шабакаи насли сеюмро ҷорӣ намуд. Акнун меҳмонони минтақа метавонанд ба ин макон метавонанд смартфонҳоро на танҳо барои зангзанӣ бо худ гиранд, инчунин ба муштариёни оператор интернети мобилӣ бо суръати то 42 Мбит/с дастрас гардид.

Манбаи “Чилучор Чашма” дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ҷойгир аст. Ҳарсола сайёҳони ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя баҳри ҳаловатбарӣ аз тамошои зебогии табиат  ба ин ҷой меоянд. Акнун онҳо имкон доранд, ки таассуроту аксҳои худро ба шарофати интернети аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” пешниҳодшаванда ба якдигар ирсол кунанд.

“Соли 2018 дар Тоҷикистон соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Ширкати мо метавонад дар баландбардории сатҳи ҷаззобии ҳудудҳо дар назди иншоотҳои рамзии туристӣ тариқи корандозии иншоотҳои алоқа саҳми худро гузорад. Бисёри онҳо дур аз нуқтаҳои калони аҳолинишин ҷой гирифтаанд – ҳамин тариқ, “Чилучор Чашма” дар 12 километр аз деҳаи наздиктарин ҷойгир мебошад. Ин далел сохтмони иншоотҳои алоқаро мушкил мегардонад, вале мо ба хубӣ дарк мекунем, ки то чи андоза телеком-хизматрасониҳои муосир барои сокинон ва меҳмонони Хатлон муҳим аст. Акнун боз як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистон ба як қисми фазои ягонаи ҷаҳонии интернет табдил ёфт”, - қайд менамояд роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.

Истгоҳи базавии “Чашма” натанҳо меҳмонони манбаи мазкур, балки инчунин сокинони қишлоқҳои наздикро низ бо интернети баландсуръати 3G таъмин мекунад. Бисёри онҳо даро Федератсияи Россия фаъолият мекунанд ва барои оилаҳои онҳо имконияти муошират кардан инчунин тариқи даъвати видеоӣ хеле муҳим аст. Суръати миёнае, ки ба муштариён дар шабакаи насли сеюм дастрас аст, 7-10 Мбит/с, суръати баландтарин бошад 42 Мбит/с-ро ташкил медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки истифодабарандагон дар экрани дастгоҳҳои мобилии худ наворҳои видеоиро ба таври равшан ва бе “таваққуфҳо” тамошо кунанд”.

“Ҳарсола бо ҳамроҳи дӯстон барои табобат ва истироҳат ба манбаи “Чилучор Чашма” меравем. Мехоҳам қайд кунам, ки тамошои филмҳоро хеле дӯст медорам ва дар вақтҳои холӣ онҳоро дар смартфони худ тамошо мекунам. Хеле хурсанд аз онам, ки акнун идар вақти истироҳат дар ин ҷой ман метавонам бо истифода аз интернети баландсуръати “МегаФон Тоҷикистон” филмҳои дӯстдоштаи худро тамошо кунам”, - аз тассуроти худ хотиррасон шуда гуфт меҳмони ин макон Дилшод ОЛИМОВ.