Бо ташаббуси Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) тирамоҳи соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба хотири арҷгузорӣ аз хотираи олими бузурги тасаввуф, мутафаккир ва шоир Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, ки аз бузургтарин сарватҳои умумифарҳангии турку тоҷик ба шумор меравад, Симпозиуми байналмилалии Мавлоно баргузор мешавад.

Барои гузаронидани корҳои омодагӣ оид ба симпозиуми қарибулвуқӯъ якҷоя бо яке аз муассисаҳои кӯҳанбунёди Тоҷикистон - Академияи илмҳои ҶТ, аз Туркия гурӯҳи профессорҳо ва муҳаққиқони муътабари ин соҳа ба Душанбе ташриф оварданд, то ки ҳамроҳ бо ҳамкорони худ музокирот барпо намуда, санаи баргузории симпозиум, муддати он ва ухдадориҳои тарафҳоро баррасӣ намоянд.

Дар ҳайате, ки аз Туркия бо роҳбарии муовини Раиси ТИКА Мехмет Сурейя Эр барои ташкили симпозиум омадаанд, инчунин шомиланд: Директори Институти таҳқиқотии Мавлонои Донишгоҳи Селчуқи шаҳри Куния профессор-доктор Алӣ Темизел, Мудири кафедраи забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Анқара профессор-доктор Хичаби Кирлангич, Роҳбари Ҷамъияти таҳқиқотии Мавлоно, Мудири кафедраи забон ва адабиётҳои шарқи Донишгоҳи Кириккале профессор-доктор Аднан Караисмаилоғлу ва Директори минтақавӣ оид ба омӯзиши осори хаттии шаҳри Куния Бекир Шоҳин.

Мавлоно Балхӣ аз нобиғагони назми классиикии форс-тоҷик буда, дар арсаи суханварӣ ҳамчун Худованди беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ шинохта шудааст. У инсонро бузургтарин муъҷизаи офариниш мешуморид ва ягонагию иттифоқ ва иттиҳоду ҳамбастагии онҳоро талқин ва тарғиб менамуд. Сулҳу оштӣ, ишқу ошиқӣ, ба ақидаи Мавлоно қодир аст, заминро ба осмон хешу табор гардонад.

Мероси адабии Мавлоно Балхӣ хеле пурсарват ва рангоранг аст. Он аз ҷиҳати навъи сухан назму насро ташкил медиҳад. Девони Шамси Табрезӣ, ин дафтари ишқ ва суруди озодии ботинии инсон аст, ин нахмаи эъҷозҳоест, ки салтанати инсонро бар ҳастӣ, заминро бар коинот ишқро бар имон ҳаётро ба марг оштиро ба ҷанг таҳким медиҳад.