Дар толори калони мақомоти шаҳрдории Хуҷанд раиси маркази маъмурии вилояти Суғд Маъруф Муҳаммадзода 100 нафар наврасону ҷавонони фаъоли шаҳрро ба ҳузур пазируфта, ба онҳо идрорпулӣ тақдим кард.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, зикр гардид, ки ҷавонон дар корҳои роҳбарии шохаҳои ҳокимият, истеҳсолоту тиҷорат, илму таҳсилот ва ғайраҳо пурсамар фаъолият дошта, аз ҷумла, 75 нафар олимони ҷавон ва 29 нафар ихтироъкорони ҷавон дар донишгоҳҳо фаъолият мекунанд ва зиёда аз 365 нафар ҷавонписарону ҷавондухтарони шаҳр дар массисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои  хориҷӣ таҳсил мекунанд.


Раиси шаҳр изҳор дошт, ки ки дар соли таҳсили 2017-2018 дастаи хонандагони лаёқатманди шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ ба гирифтани - 31 ҷойҳои ифтихорӣ аз ҷумла, ҷойи якум - 7 нафар ҷойи дуюм - 9 нафар ва ҷойи сеюм 15 нафар, дар олимпиадаи байналмиллалӣ ба гирифтани - 19 ҷои ифтихорӣ, аз ҷумла  ҷойи якум 4 нафар, ҷои дуюм 2 нафар ва ҷойи сеюм 13 нафар,  олимпиадаи байналмиллалии фосилавӣ - 69 ҷойи ифтихорӣ   ҷойи якум 10 нафар, ҷойи дуюм 43 нафар ва ҷойи сеюм 16 нафар шарафёб гардиданд.

Маъруф Муҳаммадзода комёбии варзишгарони шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла дастовардҳои Ҷаҳон Қурбонов - ду карат иштирокчии бозиҳои олимпӣ ва Мирзодалер Хуршедзода устоди варзиш, ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон оид ба ушу, Абдураҳмонов Муҳаммадалӣ ҷоизадори  Чемпионати Осиё оид ба бокс, Муҳаммадалӣ Сафиоллоҳ, Эмин-зода Эраҷ, Абдусалом Саломов ва Амриддин Абдукабирзода, ҷоизадорони Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсуро боиси ифтихор ва сарфарозӣ унвон намуд.


Раиси шаҳри Хуҷанд наврасону ҷавононро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният гуфт, дар вазъияти тантанавӣ ба 100 нафар наврасону ҷавонон, аз ҷумла 20 нафар варзишгарони фаъол Стипендияи раиси шаҳри Хуҷандро ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ тақдим намуд. Ҳамзамон ба 20 нафар хатмкунандагони курси семоҳаи “Мактаби сарварони ҷавон” шаҳодатнома тақдим карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.