Русия шумори омӯзгорон аз ин кишварро, ки бо забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон дарс мегӯянд, ду маротиба зиёд мекунад. Дар ин бора «Парламентская газета» бо такя ба муовини раиси Шӯрои Федератсияи Русия Евгений Бушмин хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти нашрия, аз 29 нафар омӯзгороне, ки соли гузашта ба Тоҷикистон омада буданд, 8 нафарашон ба Русия баргашта, боқимонда 21 нафари дигар боз як соли дигар дар Тоҷикистон кор мекунанд, зеро мактаб ва шароитҳои кор дар он ба онҳо писанд омадааст.

Ҳамин тариқ, аз 1 сентябри соли 2018 беш аз 50 нафар омӯзгорони русиягӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон дарс хоҳанд гуфт.

Бушмин қайд мекунад, ки иштироки омӯзгорони русиягӣ дар кор бо ҳамватанони муқими ИДМ ва пешбурди забони русӣ дар қаламрави пасошӯравӣ кофӣ нест.

Ӯ хотиррасон кардааст, ки соли гузашта сенаторон барномаи монанд ба аввали асри ХХ-ро оғоз намуданд, ки он замон омӯзгорони рус ба деҳаҳо омада, сокинонро забони русӣ меомӯзониданд.

«Ҷониби Тоҷикистон ба ин лоиҳа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуд, ҳарчанд қаблан ин ба мушоҳида намерасид. Онҳо дархост намуданд, ки дар соли хониши нав боз 30 омӯзгор аз Русия ба мактабҳои онҳо фиристода шаванд», - мегӯяд Бушмин.

 «Бар ин назарам, ки фиристодани омӯзгорони мо ба марказҳои фарҳангӣ дар ҳамсоякишварҳо барои дарс додани фанҳо бо забони русӣ комилан имконпазир аст. Айни замон мо аллакай чунин пешниҳодҳоро аз як қатор кишварҳои ИДМ низ баррасӣ дорем. Ҳамчунин андешае рӯйи кор омад, ки ин таҷриба дар кишварҳои хориҷи дур, ки ба омӯзгорони мо тавааҷӯҳ пайдо мешавад, низ амалӣ шавад», - илова кардааст номбурда.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли гузашта 29 нафар омӯзгорони русиягӣ аз Бошқирдистон, Тотористон, Доғистон, вилоятҳои Оренбург, Кемерово ва Кострома барои кор ба Тоҷикистон омаданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.