Барномаи рушди СММ имрӯз ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон баҳри таҳкими имконоти он кумаки техникӣ тақдим намуд, ки маблағи умумии он 1 млн. 650 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Ба Кумита 3 трактору булдозери зарурӣ барои рафъи оқибатҳои офатҳои табӣ, 18 адад қаиқҳои муҳаррикдор, 3-тогӣ ҳавопаймо ва чархболҳои бесарнишин (дрон), ҳамчунин таҷҳизоти электронӣ барои дарёфти қурбониҳои ҳодисаҳои фоатҳои табиӣ ва фалокатҳои техногенӣ дар зери об, барф ва ярчу тармафароиҳо супурда шуд.

Қисмати зиёди таҷҳизоту техника ба Маркази наҷотбахшии Кумита тақдим гардид, ки бевосита чунин корҳоро ба анҷом мерасонад. Ин таҷҳихоту техника ба наҷотдиҳандагони тоҷик ҷиҳати саҳеҳан муайян кардани макони ҳолати фавқулода ва шумори қурбониёни офатҳои табиӣ имкон фароҳам месозад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.