Рӯзҳои наздик баъди боронҳои пайдарпай дар Тоҷикистон обуҳавои абрноки бебориш дар назар буда, лекин аз 28 май боз боришот пешбинӣ мешавад.

«Имрӯз дар ҷумҳурӣ обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар буда, аз 24 то 28 май дигар боришот қатъ мешавад», - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, аз 28 май боз боришот оғоз гардида, алҳол маълум нест, ки он то кай идома меёбад ва дар ин хусус наздиктар ба ин сана маълумоти саҳеҳтар додан имконпазир мешавад.

Имрӯз дар Душанбе обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар буда, ҳарорат шабона 11-13 ва рӯзона 25-27 дараҷа гарм мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.