АНОНС

- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Русия ба шаҳри Маскав сафар мекунад;

- Оғози бозиҳои XXI Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Русия.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.0870 сомонӣ;

1 евро – 10.6818 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1445 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии донорҳо (хунсупорандагон)

1931 — Бо фармони Кумитаи иҷроияи марказии ҶШС Тоҷикистон ноҳияи Файзобод таъсис дода шуд.

2000 – Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии сарони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

2009 — Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узвии СААД дар Маскав иштирок кард, ки дар он дар бораи таъсиси Нерӯҳои зудамали кишварҳои узви СААД созишнома ба имзо расид.

1932-1995 – Зодрӯзи овозхон ва оҳангсоз Ҳаким Маҳмуд.

1939 – Мавлуди доктори улуми биология, профессор Муҳаббат Бобоҷонова.

1944 – Зодрӯзи оҳангсоз Абдусалом Раҳимов.

1951 – Мавлуди муаррих ва сиёсатшинос Худойбердӣ Холиқназаров.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +17+22.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +34+39; дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +27+32.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона 0+5, рӯзона +15+20.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +30+35; дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +22+27.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +35+37.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +27+29.