Аз 29 июн то 2 июли соли 2018 Театри давлатии мусиқии Ӯзбекистон ба номи Муқимӣ бо намоишномаи «Не обтесенная невеста» ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ анҷом медиҳад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, намоишномаи «Не обтесенная невеста» 29 июн дар шаҳри Хуҷанд дар саҳнаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандӣ, 30 июн дар шаҳри Душанбе дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ ва 1 июл дар шаҳри Бохтар дар саҳнаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятии ба номи А.Муҳаммадҷонов манзури ҳаводорони санъати театрӣ мешавад.

Сафари ҳунарии ҳунарпешаҳои ӯзбек дар доираи созишномаи ҳукуматҳои ду кишвар бо мақсади густариши муносибатҳои фарҳангӣ, таҳкими равобити дӯстӣ, баланд бардоштани завқи бадеӣ ва шинос гардонидани тамошобини тоҷик бо санъати театрии ӯзбек баргузор мегардад.

Театри давлатии мусиқии Ӯзбекистон ба номи Муқимӣ 30 ноябри соли 1939 таъсис дода шуда, тӯли ин солҳо дар толори он устодони зиёди санъати театру кинои ин кишвар ҳунарнамоӣ кардаанд.