Дар оғози моҳи июн идораи хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ноҳияи Шаҳритуз ба макони нисбатан барои муштариён қулай гузашт. Акнун он дар назди бозори марказии ноҳияи Шаҳритуз воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ 6 фаъолият хоҳад намуд.

“Мо нуқтаҳои хизматрасониро дар минтақаҳои нисбатан серҳаракату серодам мекушоем, то ки мизоҷони мо тавонанд  масъалаҳои вобаста ба алоқаро дар сари раҳи худ ҳангоми ба кор рафтан ё чун дар ҳолати мазкур ҳангоми омадан ба бозор ҳал карда тавонанд. Ҷиҳати дигари қулай он аст, ки дар макони нав кушодтар гардида, акнун мо метавонем дар он якбора ба якчанд муштариён хизмат расонем”, - мегӯяд роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.

1/4

“Ман ба идораи хизматрасонӣ ҳангоме, ки он дар макони пешина қарор дошт, бисёр мерафтам ва бо итминони комил гуфта метавонам: баъди гузариш ба макони нав он боз ҳам зеботар шуд. Ба ғайр аз ин имрӯз барои гирифтани машварат ҳатто як дақиқа ҳам интизор нашудам. Сарфаи вақт низ аз аҳамият холӣ нест!” – аз таассуроти худ хотиррасон шуда, изҳор дошт муштарии ширкат, сокини Шаҳритуз Абдулазиз САМИЕВ.

Дар идораи нав муштариён имкон доранд, ки дилхоҳ масъалаҳои худ – аз интихоби тарофа ва пуркунии ҳисоб то имкони харидан ва танзимкунии гаҷетҳои мобилиро ҳал намоянд. Дар рӯзи ифтитоҳи идора бошад, кормандони он барои боздидкунандагони нахустин иқдомро доир намуданд. Дар рафти он иштирокчиён соҳиби туҳфаҳои хотиравии оператор гардиданд.