Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади баррасии муроҷиати сокинони маҳаллаи 1 май, ки ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хусуси ба таъхир афтодани оғози корҳои сохтмонӣ дар маҳалли зисташон, ки воқеъ дар хиёбони Раҳмон Набиев аз тарафи ширкати “Ҳусноро-1” амалӣ мегардад, субҳи рӯзи 16 июн бо масъулини дахлдор ва худи бошандагони маҳал мулоқот намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Маъруф Муҳаммадзода дар ҳузури сокинони маҳалла сабаби таъхири гузаронидани ташхисро аз роҳбарияти ширкати «Ҳусноро-1” ва ҶДММ “Шаҳрофар” пурсон шуд.

Директори генералии ҶДММ “Суғдшаҳрофар” Мирзомуъмин Бобоев гуфт, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои сохтмонии ширкатҳо хориҷӣ бояд ба меъёрҳои дохилии кишвар мутобиқ гардонида шуда, фармоишгар талаботро риоя намояд. То имрӯз ду масъалаи асосӣ: хатҳои берунаи барқ ва обу ташноби иншооти сохташаванда ҳалношуда монда буданд. Чанд рӯз қабл масъалаи хатти барқ баррасӣ карда шуд ва ҳалли худро ёфт. Мушкилоти обу ташноб низ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар арафаи ҳал қарор дорад ва ҳафтаи оянда ба ин муаммо ба пуррагӣ нуқта гузошта мешавад. Маҷмуан метавон гуфт, ки сохтмони биноҳои 12, 14 ва 16 ошёнае, ки аз тарафи ширкати «Ҳусноро-1” ба истифода дода мешавад, беш аз 70 фисади он аз ташхиси давлатӣ гузаштааст. Танҳо он ду масъалаҳое, ки мавриди баррасӣ қарор доранд ва яке ҳалли худро ёфт аз ташхис нагузаштаанд, он ҳам бошад баъди ду ҳафта ба ташхиси давлатӣ манзур карда мешаванд.


Директори генералии ширкати “Ҳусноро-1” Ван Рен Лин гуфт, ки онҳо кӯшиш мекунанд, ки ташхиси лоиҳаи сохтмон аз ҷониби идораҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчи зудтар тасдиқи худро ёбад. Баъди хулосаи мусбати ташхис мо бо ширкати сохтмонӣ дар хусуси оғози сохтмон шартнома баста, ба зуддӣ сохтани биноҳоро оғоз менамоем. Ба сифати кор бештар аҳамият медиҳем. Дар баробари ширкати сохтмонӣ дар ин маҳал кормандони мо низ омада, аз раванду сифати сохтмон назорат бурда, кӯмак мерасонанд. Мо низ ҳавасманд ҳастем, ки корро ҳарчи зудтар оғоз ва ба шаҳрвандон манзил таъмин намоем. Барои анҷом додани корҳо сохтмонӣ маблағҳои кифоя дорем.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба директори генералии ширкати “Ҳусноро-1” Ван Рен Лин дастур дод, ки бинобар қисми аъзами ташхиси лоиҳаи сохтмон хулосаи мусбат ба даст оварданаш, бо пудратчии сохтмон шартномаро имзо ва корҳои омодагиро андешад. Зеро вақт муҳим аст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд як моҳ қабл иҷозати корҳои ҳамворкуниро дода буд. Мардум интизор ҳастанд, ки кай соҳиби бино мешаванд. Мо бояд корро тезонем.

Директори генералии ширкати “Ҳусноро-1” Ван Рен Лин ба сокинони маҳалла муроҷиат намуда, аз эшон даъват ба амал овард, ки босабр бошанд, ба ҳаргуна овозаю ҳангомаҳо дода нашаванд.Ширкаташон бонуфуз аст.Шаҳрвандон метавонанд бо мушкилот ва саволҳояшон ба роҳбарияти ширкат муроҷиат намоянд ва дар навбати худ роҳбарияти ширкат ҳамарӯза онҳоро қабул ва аз раванди корҳо иттилоъ медиҳанд.

Раиси шаҳр таъкид кард, ки роҳбарияти ширкати “Ҳусноро-1” аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пазируфта шуда, вазифагузориҳо мушаххас гардиданд. Ва оғозу раванди сохтмон зери назорати доимии Роҳбари вилоят қарор дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.