Дар шаҳри Душанбе доир ба масъалаҳои об конфронси байнулмилалии сатҳи баланд доир мегардад, ки дар кори он 65 ҳайатҳои расмӣ: беш аз 1,5 ҳазор нафар иштирок мекунанд.

Дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028, ки рӯзи 20 июн дар Душанбе ба кор шурӯъ мекунад, аз иштироки сарони кишвар ва ҳукуматҳои чор кишвар - Туркманистон, Покистон, Афғонистон ва Ҷибути, вазирон ва муовинони вазирон аз 35 давлат, ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони беш аз 40 созмонҳои байнулмилалӣ интизорӣ меравад.

Дар робита ба баргузории конфронс ва чорабиниҳо дар ҳошияи он, аз ҷумла Форумҳои занон ва кӯдакон оид ба масоили об, ки имрӯз доир мегарданд, муддати се рӯз - то 21 июн ҳараакати нақлиёт дар баъзе самтҳои роҳҳои пойтахт баста мешавад.

Мо ба шумо вақти баста шудани роҳҳоро дар рӯзҳои баргузории конфронси об пешниҳод мекунем:

19 ИЮН

- аз 12:30 то 14:30 - роҳ аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе то «Кохи миллат»;

- аз 13:00 то 15:00 - аз меҳмонхонаи «Серена» то «Кохи миллат» ва сипас то майдони Дӯстӣ (муҷассамаи Исмоили Сомонӣ);

- аз 14:15 то 15:30 - дар хиёбони Рӯдакӣ роҳ аз муҷассамаи Исмоили Сомонӣ то кӯчаҳои Шерозӣ ва Теҳрон баста мешавад;

- аз 15:00 то 15:20 - дар хиёбони Рӯдакӣ роҳ аз муҷассамаи Исмоили Сомонӣ то қароргоҳи шаҳрии ҳукумати Тоҷикистон баста мешавад; 

- аз 16:20 то 16:40 - дар хиёбони Рӯдакӣ роҳ аз қароргоҳи ҳукумат то меҳмонхонаи Serena баста мешавад;

- аз 19:00 то 21:20 - роҳҳо ба самти «Кохи Наврӯз» баста мешаванд;

- аз 21:00 то 21:30 - роҳ аз "Кохи Наврӯз" то меҳмонхонаи Serena баста мешавад.

20 ИЮН

- аз 7:45 то 22:00 - роҳ аз Фурудгоҳи Душанбе то қароргоҳи ҳукумат дар хиёбони Рӯдакӣ баста мешавад;

- аз 10:40 то 11:50 - роҳ аз қароргоҳи ҳукумат то меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe (хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Ганҷавӣ, Ҳувайдуллоев то Кӯли ҷавонон) баста мешавад.

- аз 10:00 то 11:40 - роҳ аз баромадгоҳи пойтахт ба Варзоб баста мешавад (ҳайатҳо аз Пуғус ва Такоб боздид мекунанд).

- 13:00 то 14:00 - аз Варзоб то қароргоҳи шаҳрии ҳукумат.

- аз 19:20 то 20:00 - аз қароргоҳ то «Кохи Истиқлол», ҳамчунин кӯчаи Ганҷавӣ (минтақаи ВДНХ).

- аз 21:20 то 22:00 - роҳ аз «Кохи Истиқлол» то қароргоҳи ҳукумат.

- аз 21:20 то 22:00 - хиёбони Рӯдакӣ аз "Кохи Истиклол" то меҳмонхонаи  Serena.

21 ИЮН

- аз 10:20 то 10:40 - хиёбони Рӯдакӣ дар тамоми маркази шаҳр то фурудгоҳи пойтахт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.