Рӯзҳои 20-22 июни соли 2018 дар доираи Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) - 2030 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” баргузор мешавад, ки ба амалисозии ҲРУ 6: “Таъмини дастрасӣ ва истифодаи оқилонаи об ва беҳдошт барои ҳама” равона шудааст.

Дар чаҳорчӯбаи ин ҳамоиши байналмилалӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ 19-уми июн чорабинии якрӯзаи пеш аз конфронс таҳти унвони “Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об” доир мегардад, то ки ҳар як кӯдак дар ҳама ҷо ба оби бехатар ва беҳдошт дастрасӣ дошта бошад.

Анҷумани мазкур дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузаронида шуда, аз се бахши асосӣ иборат хоҳад буд ва дар он садҳо шарикони миллию байналмилалӣ, кӯдакон ва наврасон иштирок мекунанд. Зимнан масъалаҳои таъмини об, санитария ва гигиена, инчунин таъсири он ба ояндаи беҳтар барои ҳар як кӯдак баррасӣ мешаванд.

Яке аз бахшҳои асосии Анҷуман баргузории намоишгоҳ аст, ки дар он 14 лоиҳаи беҳтарини озмуни ҷумҳуриявии “Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ” ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Онҳоро духтарон ва писарони наврас бо мақсади дарёфти роҳу воситаҳои навоваронаи таъмини об, санитария ва гигиена тарҳрезӣ кардаанд. Намоишгоҳ дар макони баргузории Анҷуман созмон дода мешавад.

Анҷуман ҳамчунин барои шунидани садои кӯдакон ва наврасон, духтарон ва писарон аз тамоми қаламрави Тоҷикистон оид ба масоили таъмини об, санитария ва гигиена фазои мусоид фароҳам меорад. Парчами Обии Кӯдакон, ки фарогири даҳҳо тасвири кашидаи кӯдакону наврасон аз ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон аст, ҳамчун рамзи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд истифода мешавад.

Иштирокдорон иртиботи таъмини об, санитария ва гигиенаро бо инкишофи барвақтии кӯдакон зимни ҷаласаи ҷудогона бо ҳузури коршиносони ҷаҳонӣ аз Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин фаъолони миллӣ ва волидон баррасӣ мекунанд.

Дар ҷамъбаст маросими супоридани мукофотҳо ба 3 лоиҳаи беҳтарини  озмуни “Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ” баргузор мешавад.