Бо қарори раиси вилояти Суғд “Дар бораи тадбирҳои ҳавасмандгардонии хонандагон, омӯзгорон ва муассисаҳои таълимии вилоят”, толибилмону омӯзгорон ва муассисаҳои таълимии вилоят барои дастовардҳо дар олипмпиадаҳои байнулмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, тибқи қарори мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят, ки дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, пас аз хулосаи мусбати комиссияи экспертӣ бо мукофоти пулии яквақтаи зерин ҳавасманд гардонида мешаванд:

-хонандае, ки дар олимпиадаи байналмилалии фаннӣ сазовори медали тилло гардидааст, 10 000 сомонӣ;

-хонандае, ки дар олимпиадаи байналмилалии фаннӣ сазовори медали нуқра гардидааст, 7 000 сомонӣ;

-хонандае, ки дар олимпиадаи байналмилалии фаннӣ сазовори медали биринҷӣ гардидааст, 3 000 сомонӣ.

Ҳамзамон хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд бо мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми 2 000 сомонӣ, 1 000 сомонӣ ва 500 сомонӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. Омӯзгорони муассисаҳои таълимии вилоят низ бо дарназардошти дастовардҳои хонандагонаш бо мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 2 000 сомонӣ то 6 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.

Гуфта мешавад, дар асоси банди чоруми қарори мазкур ба суратҳисоби муассисаҳои таълимии вилоят, ки хонандагонаш аз ҳама бештар дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардидаанд, аз 3 000 то 10 000 сомонӣ мукофотпулӣ гузаронида мешавад.