Дар бозии финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни дастаҳои Фаронса ва Хорватия пирӯзӣ насиби фаронсавиҳо мешавад, пешгӯӣ мекунад шутур-фолбин аз Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе.

Қобили зикр аст, ки дар пешгӯиҳои натиҷаҳои бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Русия шутур Маря алҳол ба хатогӣ роҳ надодааст.

Пешгӯиҳои ӯ дар мавриди натиҷаҳои бозиҳои Русия - Арабистони СаудӣУругвай - Франсия ва Хорватия - Англия дуруст баромаданд.

Дар вохӯрии финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки шоми рӯзи 15 июл дар Маскав байни дастаҳои Фаронса ва Хорватия доир мегардад, Маря ғалабаи фаронсавиҳоро пешгӯӣ кард.

Ҳангоми пешгӯӣ ба Маря зарфҳои хӯрок бо навиштаҷоти номи дастаҳо пешниҳод шуда, ӯ истеъмоли хӯроки яке аз ин зарфҳоро интихоб мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.