АНОНС

- Дар кинотеатри «Зебуннисо» (кӯч. Айнӣ 131, тел: 221 78 95) намоиши филми «Земляничная поляна» (соли 1975)-и Ингмар Бергман доир мегардад. Оғоз соати 17:00. Воридшавӣ озодона ва ройгон аст;

Нишастҳои матбуотии Вазорату идораҳо ва корхонаву ташклотҳои кишвар оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2018:

- Нишасти матбуотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 10 дар толори бинои Прокуратураи генералӣ;

- Нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳал соати 11 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар»;

- Нишасти матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зист соати 11 дар бинои Кумитаи мазкур;

- Нишасти матбуотии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ соати 14 дар толори ММҶ «Ховар».

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.4200 сомонӣ;

1 евро – 10.0299 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1512 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2001 – Мушовири давлатии президент оид ба масоили байнулмилалӣ Каримҷон Юлдошев дар натиҷаи амали террористӣ ба ҳалокат расид.

1906-1990 – Зодрӯзи олими таърихшинос, ректори нахустини Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон академик Зариф Раҷабов.

1936-1996 – Мавлуди доктори улуми биологӣ Усмон Холдоров.

1942 – Зодрӯзи нависанда Ҳоҷӣ Мурод.

1957 – Мавлуди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Набӣ Акрамов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +38+43; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +26+31.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +22+27, рӯзона +39+44; дар доманакӯҳҳо шабона +19+24, рӯзона +33+38.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +14+19, рӯзона +31+36; дар шарқ шабона +5+10, рӯзона +18+23.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +38+43; дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +31+36.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +41+43.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +40+42.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +41+43.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +31+33.