АНОНС

- Дар меҳмонхонаи «Serena Dushanbe» (толори «Миллат») таҳти унвони«Иштироки ҷавонон дар рушди иқтисодӣ тавассути ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон»   мизи гирди миллӣ доир мегардад. Оғоз соати 09:00;

- Дар кинотеатри «Кайҳон» нахустнамоиши филми драмавии «Клуб миллиардеров» (Маҳфили миллиарлерон) баргузор мешавад. Фармоиши билетҳо тариқи телефони - 915 88 6666;

- Ташрифи ҳайати Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмони Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон.

Нишастҳои матбуотии Вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилотҳои кишвар оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2018:

- Нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон соати 9 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии (ММҶ) «Ховар»;

- Нишасти матбуотии Палатаи ҳисоб соати 9 дар бинои Палатаи ҳисоб;

- Нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак соати 11 дар толори ММҶ «Ховар».

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.4196 сомонӣ;

1 евро – 11.9559 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1491 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1980 – Дар Маскав Бозиҳои олимпии XXII-ум оғоз гардиданд, ки як қатор кишварҳои Ғарб аз иштирок дар он даст кашиданд.

1996 — Дар Атланта Бозиҳои олимпии XXVI-ум оғоз гардиданд, ки дар он шумори рекордии варзишгарон - 10 ҳазору 744 нафар ширкат варзиданд.

2003 — Нахустин ҷарроҳии ивази забон дар ҷаҳон муваффақона анҷом ёфт.

2006 — Дар Душанбе бо дастгирии ҳукумати Ҳиндустон маросими ифтитоҳи Маркази технологияҳои иттилоотӣ доир гардид.

2012 — Олими маъруфи таърихшиноси тоҷик Мансур Бобохонов дар синни 81-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

1946 – Зодрӯзи журналист Айниддин Гадозода.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои дорманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +37+42; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +25+30.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +39+44; дар доманакӯҳҳо шабона +18+23, рӯзона +33+38.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +13+18, рӯзона +31+36; дар шарқ шабона +4+9, рӯзона +22+27.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +37+42; дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +31+36.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +40+42.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +38+40.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +40+42.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +32+34.