АНОНС

Нишастҳои матбуотии Вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилотҳои кишвар оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2018 рӯзи 23 июл:

- Нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузорӣ;

- Нишасти матбуотии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо;

- Нишасти матбуотии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ;

- Нишасти матбуотии Суди Олии Тоҷикистон.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.4200 сомонӣ;

1 евро – 11.0327 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1484 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2004 – Собиқ директори департаменти дуюми ХБА Ҷон Одлинг Сми бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад. Ба сифати мушовири иқтисодии президент ӯ ба таҳлили мушкилоти иқтисодиву молиявии ҷумҳурӣ машғул шуд.

2010 — Барои ширкати «Тоҷик Эйр» убури ҳарими ҳавоии Ӯзбекистон пулакӣ шуд.

2012 — Нахустин президенти Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Қаҳҳор Маҳкамов барои хизматҳои шоиста дар рушди робитаҳои байнипарлумонӣ бо медали тиллои «Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ – 20 сол» қадрдонӣ шуд.

1955 – Зодрӯзи доктори улуми сиёсӣ, раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +38+43; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +27+32.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +22+27, рӯзона +40+45; дар доманакӯҳҳо шабона +19+24, рӯзона +34+39.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +13+18, рӯзона +31+36; дар шарқ шабона +5+10, рӯзона +22+27.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +39+44; дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +32+37.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +42+44.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +41+43.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +41+43.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +33+35.