Моҳи ноябри соли гузашта Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои таъмиру навсозии Боғ фарҳангу фароғати «Дӯстии халқҳо» дар пойтахт ҳусни оғоз бахшид. Анҷоми ин корҳо рӯзҳои ҷашни моҳи сентябр дар назар аст.

Корҳои таъмиру навсозии боғи «Дӯстии халқҳо» ба дӯши ҳукумати вилояти Хатлон вогузор шуда, айни замон ин ҷо корҳои сохтмон дар ҷушу хурӯш аст. Қобили зикр аст, ки дар ин боғ бори аввал дар Душанбе ролледром сохта мешавад.

Боғи «Дӯстии халқҳо» дар қисмати ҷанубии пойтахт (назди бозори Саховат) дар майдони 30 гектар доман паҳн кардааст. Дар дар даромадгоҳи боғ муҷассамаи Абулқосими Фирдавсӣ гузошта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.