Овозхони маъруфи тоҷик Ҷонибек Муродов дар фестивали байнулмилалии мусиқии «Лайма. Рандеву. Юрмала – 2018» ҳунарнамоӣ кард, ки созмондиҳандааш сарояндаи саршиноси Иттиҳоди Шӯравӣ ва Латвия Лайма Вайкуле мебошад.

Дар суҳбат бо “Азия-Плюс” Ҷонибек дар ин робита изҳор намуд, ки фестивал хеле хуб гузашта, аз он таасуроти амиқ бардоштааст.

“Маро ба фестивал шахсан Лайма Вайкуле даъват кард, ки бароям ифтихори хеле бузург аст. Ба сураит умум муаррифии Тоҷикистон ифтихори бузург мебошад. Барои ин аз даргоҳи Худованд миннатдорам”, - илова кард Ҷонибек.

Боз як зодаи Тоҷикистон сароянда Manizha низ дар ин фестивал иштирок кард. Ӯ суруди эҷодкардаи худ “Не твое”-ро иҷро кард.

Ҷонибек Муродов писари Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов буда, айни замон тибқи қарордод, дар Украина кору зиндагӣ дорад. Manizha дар Русия – аксаран дар Маскаву Санкт-Петрубрг зиндагӣ ва ба фаъолияти эҷодӣ машғул буда, дар синни 2-солагиаш ҳамроҳи оилаашон ба Русия кӯчидааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.