Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон имрӯз санаи ҷашни Иди Қурбонро эълон кард.
Имсол Иди Қурбон дар Тоҷикистон санаи 21 август ҷашн гирифта мешавад. Санаи ҷашни Иди Қурбон бар асоси хулосаи олимони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Тоҷикистон муайян карда шудааст.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имрӯз, 14 август дар Душанбе дар ин бора қарори дахлдор қабул шуд. Соати 6:30-и субҳи рӯзи 21 август дар тамоми масҷидҳои ҷомеи ҷумҳурӣ намози ид барпо мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Маркази исломии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ба ҳамаи имомхатибони масҷидҳо тавсия дода шудааст, ки дар мавъизаҳои худ анҷом додани рафторҳои наҷиби писанди Худованд, хайру сахвоат ба ятимону камбизоатон, худдорӣ аз пурхарҷиву исрофкорӣ дар дастурхони идонаро таъкид созанд.
Иди Қурбон идест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд. Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати Хонаи худоро ба ҷо меоранд. Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ,чорво қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кумак мекунанд.
Дар Тоҷикистон ҷашни Иди Қурбон маъмулан бо намози ид дар тамоми масҷидҳо шурӯъ мешавад. Дар ин рӯз кӯдакон бо табрикоти ид ба хонаҳо омада, ҳадяи идона мегиранд. Рӯзи ид пас аз адои намози ид мардум ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона ороста мешавад.
Мутобиқи Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», Иди Қурбон дар кишвар рӯзи истироҳат эълон шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.