Ширкати тавлиди оби «Бонаква» дар мавзеи истироҳатии куҳии Cафеддара ба хотири гиромидошти хотири сайёҳони кушташуда дар Данғара мусобиқаи дав ва велосипедронӣ ташкил кард, ки дар он аз наврасони 12-сола то пиронсолони то 67-сола ширкат доштанд. Мусобиқа бо лаҳзаи хомӯшии ширкатдорон оғоз шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар сабқати велосипедронон ва давандагон ҳамзамон бо варзишкорони маҳаллӣ, хориҷиёни дӯстдори дав ва дучархаронӣ ширкат доштанд. Мусобиқа дар роҳи мушкили куҳии Сафеддара баргузор шуда, ҳатто теъдоде аз ширкаткунандагон то хатти марра нарасиданд. Тӯли сабқати дав 7,5 километр ва велоспедронӣ 6 километр ба баландии куҳ ҷараён гирифт. Велоспедронон дар баландии 2590 метр ба марра расиданд.

1/24

Гуфта мешавад, дар сабқати велоспедронон миёни мардон Марат Ҳикматуллоеви тоҷик ва миёни занҳо Никол Чении олмонӣ мақоми аввалро ба даст оварданд. Дар мусобиқаи давидан Меҳрангез Назарова ва Меҳрубон Шамсиддинов пирӯз шуданд.